Муқовимат ба коррупсия – кори дастаҷамъӣ

10-уми апрели соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Конфронс дар мавзӯи: «Муқовимат ба коррупсия – кори дастаҷамъӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва роҳбарону кормандони аксарият ниҳодҳои давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.

Зимнан, масъулини Агентӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, пешгирӣ аз содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба ин падида, инчунин ҷиҳати таъмини амалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуданд ва ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатиро дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамаҷониба тавзеҳ доданд.

Дар маҷмӯъ, Конфронс дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифт ва ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён хоҳад расонид.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии кормандони мақомот бо сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд

10 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи 1000-чашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Муҷун ва Росровути ҳамин ноҳия баргузор гардид.
 
Дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомот доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин оид ба татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дар кишвар, хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андешида намуда, дар қисмати охири вохӯрӣ бо сокинон музокираи натиҷабахш атрофи масъалаҳои баррасишаванда сурат гирифт.
 
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ
 

Чоп намудан E-mail

Баргузории онлайн-машварат вобаста ба таъсиси Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба поктинатӣ дар тиҷорат

Возможно, это изображение 7 человек, люди учатся и текст11 апрели соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба поктинатӣ дар тиҷорат онлайн-машварат баргузор гарид, ки дар рафти он кормандони Агентӣ, намояндагон аз корхонаю муассисаҳои давлатии кишвар, инчунин бахши хусусӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ ширкат варзиданд.
 
Шабакаи мазкур аз тарафи Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки Аврупоӣ оид ба Таҷдид ва Рушд таъсис дода шуда, фаъолияти он барои муттаҳид намудани намояндагони бахшҳои хусусӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ, ассотсисатсияҳои соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар атрофи масоили муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ ва поктинатӣ дар тиҷорат равона гардидааст.
 
Дар чорабинии мазкур масъулини Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, инчунин Бонки Аврупоӣ оид ба Таҷдид ва Рушд дар мавзӯи «Арзёбии эҳтиёҷот ба мутахассисони мувофиқат (комплаенс) дар Осиёи Марказӣ» суханронӣ намуда, баъдан иштирокчиён оиди мавзӯъ фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Возможно, это изображение 6 человек и текст
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Гузаронидани мизи мудаввар дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик М.Назаршоев

Санаи 9 апрели соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик М.Назаршоев мизи мудаввар дар мавзуи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва Донишгоҳ ширкат варзида, байни иштирокчиён вобаста ба мавзуҳои роҳҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва нақши ҷомеа дар муқовимат бо ин падидаи манфур музокирот анҷом дода шуд.

 

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ сурат гирифта, дар фарҷоми он аз иштирокчиён таклиф ба амал оварда шуд, ки тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва ба роҳ мондани муборизаи беамон бо ин зуҳурот равона намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии маҷозӣ бо масъулини Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ

Санаи 8 апрели соли 2025 байни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) вохӯрии маҷозӣ сурат гирифт.

 

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили гузаронидани мониторинги раванди иҷрои Нақша - чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи якум (2021-2025), инчунин оид ба раванди таҳияи лоиҳаи Нақша - чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (2026-2030) гуфтушунид анҷом доданд.

 

Қайд гардид, ки баргузории чорабиниҳои зикршуда барои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» заминаи мусоид фароҳам меоварад ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ омода аст, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин тадбирҳо ба Агентӣ мусоидат намояд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ 

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии кормандони мақомот бо масъулини МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»

Моҳи марти соли 2025 бо мақсади ҷалби ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» бо иштироки роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассиса вохӯрии судманд анҷом дода шуд.

 

Дар рафти чорабинӣ масъулини раёсат вобаста ба мавзуҳои рафъи омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои мубориза бо ин падидаи номатлуб, тадбирҳои пешгирии коррупсия байни кормандони соҳаи маориф, оқибатҳои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози андеша намуда, дар ин асно байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.  

 

Зимнан, дар фарҷоми вохӯрӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба муқовимати дастаҷамъона ва ҳамкории онҳо бо мақомоти Агентӣ ба донишҷӯён маводҳои тарғиботӣ, аз қабили буклетҳои зиддикоррупсионӣ, супорида шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Гузаронидани семинари маҷозӣ дар Агентӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) санаи 2-3 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои мақомот семинари маҷозӣ дар мавзуи «Омӯзиши механизми шарҳи Конвенсия Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» ташкил ва баргузор намуд.

 

Дар чорабинӣ масъулин аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии мақомот ва намояндагон аз дигар вазорату идораҳои давлатӣ ширкат варзида, дар рафти он аз тарафи мушовири минтақавӣ оид ба муқовимат ба коррупсияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ - Владимир Козин вобаста ба тартиби фаъолияти кори Конференсияи Конвенсияи СММ зидди коррупсия, давраҳои шарҳи Конвенсия ва механизми он, инчунин дигар масъалаҳои мубрам баромад намуд.

 

Бояд қайд намуд, ки чорабини мазкур бо мақсади тақвияти дониши кормандони Агентӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати гузаронидани даври дуюми шарҳи бобҳои 2 ва 5 Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории вохӯрӣ дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон

Дар асоси Нақша–чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар моҳи марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи раёсати адлияи вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии раёсати адлия, воҳидҳои сохтории Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатӣ ва мудирони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

 

Дар рафти чорабинӣ масъулини раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар вобаста ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолу озодии давлат, шарҳи қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти маводи мухаддир, хурофоту таассуби динӣ ва дигар масъалаҳо ибрози андеша намуданд.

 

Дар умум чорабинӣ дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ сурат гирифт ва дар интиҳои он иштирокчиён ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer