Баргузории вохӯрӣ бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор

3 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини мақомот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи Барномаи «Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат» сурат гирифт.

 

Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили муқовимат ба коррупсия муколамаи судманд анҷом дода, масъалаи аз ҷониби мақомоти ваколатдор роҳандозӣ намудани таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар самти танзим ва арзёбии барасмиятдарории дороиҳои шахсони мансабдорро мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигарӣ сурат гирифта, натиҷаҳои он барои тақвият бахшидани фаъолияти мақомот дар амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии кишвар заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Маркази матбуоти Агентӣ!

Чоп намудан E-mail

Баргузории вохӯрӣ дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Санаи 26 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади шарҳи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар рафти он кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсат ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ширкат варзиданд.
 
Дар рафти чорабинӣ масъулини мақомот оид ба масоили татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дар кишвар, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андешида намуда, дар интиҳо байни иштирокчиён музокираи натиҷабахш атрофи масъалаҳои баррасишаванда сурат гирифт.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф ва илм

Санаи 26-уми феврали соли 2025 тибқи «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи якуми соли 2025» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва масъулини муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мавзуҳои «Нақши муассисаҳои томактабӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» ва «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» вохӯрӣ баргузор карда шуд.

 

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - зиддикоррупсионии масъулини муассисаҳои томактабӣ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда доир гардида, дар он мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифт.

 

Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳо ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи маориф ва илм алалхусус, муассисаҳои томактабӣ ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матуботи Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари омӯзишӣ роҷеъ ба фарҳанги интихоботӣ

Дар асоси Нақшаи баргузории корҳои таблиғотию иттилоотӣ дар вазорату идораҳо оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07 феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмудзода Изатулло, роҳбарият ва доираи васеи кормандони мақомоти Агентӣ семинари омузишӣ дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот» ва «Фарҳанги интихоботӣ» баргузор гардид.

 

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмудзода И. вобаста ба раванд ва тартиби баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, инчунин муҳимияти иштироки шаҳрвандон дар ин чорабинӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ироа карда шуд.

 

Қайд гардид, ки интихоботи навбатӣ яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсии давлатӣ ба ҳисоб рафта, вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи интихоби вакили арзанда саҳмгузор будан дар ташаккули ояндаи дурахшони Ватани азизамон мебошад.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Баргузории вохӯрӣ бо кормандони Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 феврали соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ оид ба шарҳи муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», рафти амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ва дигар санадҳои меёърии зиддикоррупсионӣ сурат гирифт.

 

Зимни вохӯрӣ масъулини мақомот вобаста ба нуқтаҳои асосии ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, мазмуну моҳияти барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, раванди ба роҳ мондани муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрам маърӯза намуда, аз иштирокчиён таклиф ба амал оварда шуд, ки фаъолияти худро дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии кишварамон равона намоянд.

 

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои илмиву мубоҳисавӣ ҷараён гирифта, дар рафти он иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро атрофи мавзӯъ иброз намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари илмӣ-амалӣ дар филиали №23 Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд

5 феврали соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар филиали №23 Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - омили асосии муқовимат ба коррупсия» гузаронида шуд.
 
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони филиалҳои бонк дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзида, дар рафти он вазифа ва ҳадафҳои асосии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррпупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи татбиқи он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), инчунин роҳу усулҳои татбиқи самарабахши ин барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.
 
Қайд гардид, ки дар ҳақиқат аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масоили муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҳукумати кишвар ҷиҳати паст кардани шиддати ин зуҳурот дар тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи бонкӣ, ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ

Дар робита ба Нақшаи тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 дар ҷамоати шаҳраку деҳот ва дигар маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Дӯстӣ санаи 29 январи соли 2025 масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Нури Вахш ва Хуррамдиёри ноҳияи Дӯстӣ вохӯрӣ анҷом доданд.

 

Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбари давлат доир ба иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии масъулини мақомот вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 январи соли 2025 тибқи Нақшаи тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 дар ҷамоати шаҳраку деҳот ва дигар маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Ҷилликул ва Анористони ноҳияи Дӯстӣ сурат гирифт.

 

Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбари давлат доир ба иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Қайд карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва давлат равона гардида, саршор аз таклиф ва ғояҳои оқилонаву созанда мебошад.

 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer