31 майи 2025 .
30 май дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.
Дар маҳалли ҳамоиши сатҳи баланд - Кохи Сомони бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд, ҷамъ омаданд.
Чорабинӣ бо аксбардории якҷояи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки барои инъикоси конфронс беш аз 450 хабарнигори васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ, аз ҷумла 150 рӯзноманигор аз расонаҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони чорабинии сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронсро қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” номиданд.
Таъкид гардид, ки ҳамоиши имрӯза барои табодули афкор вобаста ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои об арсаи муколамаи судмандро фароҳам меоварад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коршиносонро ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, ки имрӯз ба як буҳрони глобалии замони мо табдил ёфтааст, ҷалб карда, коҳишёбии онро раванди ташвишовар дар таърихи инсоният арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тағйирёбии иқлим, коҳишёбии бесобиқаи пиряхҳо ва оқибатҳои фоҷеабори он барои аҳолии сайёра бо таҳлилҳо андешаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарёфти ҳалли ин мушкилот бояд талошу кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон низ, ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ба ин мушкилот дучор шудааст.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки камшавии пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад.
Пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади мониторинги фарогири пиряхҳо, инчунин, барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи онҳо ҳамкории муассир бо ҳама шарикон густариш дода шавад.
Дар ин зимн, ҳамчунин, навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникӣ зарур шумурда шуд.
Зикр гардид, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд ва зимнан, ҳолати кунунии ин пиряхҳо таҳқиқоти илмии дақиқро талаб мекунад.
Бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, ҳамчунин пешниҳод гардид, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмиву-таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ташкил шуда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват карда шуд, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ - солҳои 2025-2034” саҳми муносиби худро гузоранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон тайи бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин, зарурати вокуниши фаврию муштаракро барои ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки бо дарназардошти аҳаммияти масъалаи мазкур, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.
Зарур шумурда шуд, ки давлатҳо ва созмонҳои байлналмилалию минтақавӣ бо мақсади таъмини фаъолияти босамари ин Бунёд, ҳарчи бештар саҳми молиявии худро гузоранд.
Президенти кишвар дар бораи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ва қабули қатъномаи СММ оид ба эълон кардани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” андешаронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи пиряхҳо андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро зарур шумурда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ бо мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба тағйирёбии глобалии иқлим, татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, бахусус таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ.
Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд, ки аксарияти чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда ҳамоҳанг гардад.
Роҳбари давлат инчунин, пешниҳод намуданд, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия гардад.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки натиҷаҳои Конфронси имрӯза, аз ҷумла Эъломияи Конфронси Душанбе ва муроҷиати иштирокдорони Конфронс ҳамчун даъват ба иқдомҳои амалгароёнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои саҳмгузорӣ дар равандҳои муҳимми глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат хоҳанд кард.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор коршиносони сатҳи баланд, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга, ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу, ноиби Президенти Ҷумҳурии Малдив Ҳусейн Муҳаммад Латиф, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло, муовини директори генералии ЮНЕСКО Лидия Брито, директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг ва ноиби Президенти Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё Аҷай Бҳушан сухан гуфта, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти пиряхҳо ва ҳифзи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар назар аст, ки аз руи натиҷаи кори нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо, Даъвати Душанбе ва Ҷамъбасти Раис қабул хоҳад шуд.
Чоп намудан
E-mail
12 майи 2025 .
9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.
Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 28 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.
Зимни иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.
Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд.
Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Иштироку қадамзании боматонати низомиёни шуҷои тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон ба майдонҳои набард, ки 55 нафари онҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо меҳнату машаққати холисонаи худ дар ақибгоҳ дар таъмини Ғалабаи бузург дар он ҷанги пурдаҳшат саҳми намоён гузоштаанд, сурат гирифт
Пас аз анҷоми паради ҳарбӣ, дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ба гиромидоштӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.
Иштироки сарони давлатҳо дар тантанаи Ғалабаи бузург дар шаҳри Маскав бо аксгирии якҷояи хотиравии онҳо ба поён расид.
Чоп намудан
E-mail
30 апрели 2025 .
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.
Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд.
Доир ба амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030” ва “Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал” то соли 2028 гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.
Пешвои миллат ҳамзамон ба Мудири кулли Созмон барои дастгирӣ аз номинатсияҳои Тоҷикистон – “Гӯсфанди зоти “ҳисорӣ” ва “Ангури навъи “тоифӣ – гулобӣ” ва ворид намудани онҳо ба Мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) изҳори сипос карданд.
Ба мавзӯи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Инчунин, алоқамандии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории стратегӣ бо Созмон дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид.
Чоп намудан
E-mail
30 апрели 2025 .
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия хонум Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон Созмонро ҳамчун ниҳоди муҳим барои муколамаи созанда дар доираи ҳар се ченак - низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон авлавиятҳои раёсати Финляндияро дар самти пешгирӣ аз низоъҳо дар паҳнои САҲА, эҷоди эътимод, мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ ва дигар мавзуъҳо дастгирӣ менамояд.
Зимни баррасии масоили амниятӣ таҳкими шарикӣ дар муқовимат ба хавфу таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он”, муҳим дониста шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳалли мушкилоти амниятӣ ҳамоно андешидани тадбирҳои минбаъдаи ҳамоҳангро тақозо менамояд.
Вобаста ба ченаки иқтисодӣ-муҳитизистӣ таҳкими ҳамкорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои муассир мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус ҷиҳати тақвияти бахшҳои воқеии иқтисод, беҳбуди зерсохтор ва рушди минтақаҳо мувофиқи мақсад дониста шуд.
Масъалаҳои вобаста ба мудирияти захираҳои обиву энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ низ аз ҷумлаи авлавиятҳои ҳамкорӣ номида шуд.
Таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи ширкати занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буд.
Таъкид гардид, ки дар ченаки инсонӣ ҷониби Тоҷикистон омода аст, ҳамкориро бо Созмон дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 идома диҳад.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба мавзуъҳои алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла бартараф намудани буҳронҳои мавҷуда ва эҷоди фазои боварию эътимод дар паҳнои масъулияти САҲА, сурат гирифт.
Чоп намудан
E-mail
12 апрели 2025 .
11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид.
Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд.
Сипас, кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома ёфт.
Дар идомаи иҷлосия муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва онҳо низ дар навбати худ дар назди ҳозирин сухан гуфта, савганди садоқат ёд намуданд.
Сипас дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти онро ба муносибати интихоб ва таъин шуданашон табрик гуфта, барои амалӣ кардани салоҳиятҳои пурмасъулияташон ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд.
“Бо дарназардошти таъмини ҳадафҳои рушди дарозмуддат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум бояд қонунҳое таҳия карда шаванд, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ободонии деҳот, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ равона шуда бошанд”, изҳор доштанд Пешвои миллат.
Дар ин зимн Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо дигар субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамкории наздик ва доимӣ дошта бошанд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки қонунҳо бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд.
Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ дар татбиқи саривақтии дурнамо ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд, саноатикунонии босуръати кишвар, “иқтисоди сабз”, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои мухталифи он, гузариши пурра ба “ҳукумати электронӣ”, пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд саҳми намоён дошта бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сифат ва шароити зиндагии аҳолии кишвар, ноилшавӣ ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва гузариш ба модели иқтисодии ба саноат асосёфта дар маркази фаъолияти масъулон қарор дошта бошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ҳангоми таҳия ва ҷонибдории қонунҳо заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди ҳама сатҳҳо ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва амалишаванда будани онҳоро низ аз мадди назар дур намонанд.
Дар робита ба вазъи бисёр мураккабу печида ва душвору хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем, ҳамеша бо мардум бошем, тамоми сохтору мақомот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин самт сафарбар созем”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла ноилшавии пурра ба истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул зарур аст.
Таъкид карда шуд, ки танҳо дар ҳамкории зичи масъулин бо мардум имкон аст, ҳамаи имкониятҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати маъдан, сабук ва хӯрокворӣ, таъмин гардад ва ба ин васила ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани содироти молу маҳсулоти тайёри ватанӣ бо арзиши баланди иловашуда роҳандозӣ шавад.
Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикргардида ба бозори истеъмолӣ, аз масъалаҳое буданд, ки ба онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Масъулияти баланди аъзои Маҷлиси миллӣ ва маъсулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда таъкид гардид.
Дар робита ба омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ, зарур шумурда шуд, ки корҳои ободонӣ аз ҳар як оила то деҳоти дурдасттарин вусъат дода шуда, иҷрои супоришҳо дар ин самт, аз ҷумла доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муҳлати муқарраргардида таъмин гардад.
Масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар назорати истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, таъкид гардид.
Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ки то ба сатҳи ҷавобгарии ҷиноятӣ расондани масъулият барои истифодаи ғайриқонунӣ ва напардохтани маблағи барқро пешбинӣ менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки талаботи нав бояд ба мардум хуб фаҳмонда шавад, то ки бохабар бошанд ва риоя кунанд, худро ба мушкилиҳои нав, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ дучор насозанд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Маҷлиси миллиро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонунияту тартибот, волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки аъзои нави он бо истифода аз донишу таҷрибаи худ дар ин самт бояд кӯшиши зиёд анҷом диҳанд.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ба кори худ идома бахшид.
Чоп намудан
E-mail
03 апрели 2025 .
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.
Чоп намудан
E-mail
01 апрели 2025 .
Шоми 31 март пас аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳои Қирғизистону Узбекистон муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд баргаштанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона гусел намуданд.
Чоп намудан
E-mail
01 апрели 2025 .
Бегоҳии 31 март муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» иборат аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар пешкаш гардид, иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими тантанавӣ меҳмонони олимақом – сарони давлатҳои Қирғизистону Узбекистон, мардумони ҳарсе кишвар, инчунин, намояндагони дигар давлатҳои дӯст ва шарикони байналмилалиро, ки ба Хуҷанди бостонӣ ба ин муносибат ташриф овардаанд, бо ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва расму оини устувори Наврӯз ҳарф зада, изҳор доштанд, ки ин ҷашн «ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд».
Сарвари давлати мо инро низ «комилан возеҳ» номиданд, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба истифодаи ҳамаҷонибаи асосҳои башардӯстӣ ва рамзҳои олии ҷашни таърихии Наврӯз ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда равона шудаанд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баимзорасидаро «санади таърихӣ» номида, таъкид доштанд, ки «ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем».
Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки «аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт».
Сарвари давлати мо тавофуқоти бадастомадаро азми табиии мардумони се кишвар арзёбӣ намуда, таъкид доштанд: «мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем».
Сарони давлатҳои Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев низ ба муносибати ҷашни Наврӯз бо табрикот ва таманниёти нек суханронӣ карданд.
Сипас тантанаҳои бошукуҳ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангии ҳунармандон ва гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон идома ёфтанд, ки намунаи наздикии маънавию фарҳангии мардумони се кишвар гардид.
Барномаи ҳунарӣ, ки мазмунан фарогири савту навои дӯстиву бародарӣ ва накуҳамсоягӣ буд, ба намунаи возеҳи некхоҳиву накусириштӣ табдил ёфт.
Чоп намудан
E-mail