Баргузории вохӯрӣ дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон

Дар асоси Нақша–чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар моҳи марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи раёсати адлияи вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии раёсати адлия, воҳидҳои сохтории Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатӣ ва мудирони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

 

Дар рафти чорабинӣ масъулини раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар вобаста ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолу озодии давлат, шарҳи қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти маводи мухаддир, хурофоту таассуби динӣ ва дигар масъалаҳо ибрози андеша намуданд.

 

Дар умум чорабинӣ дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ сурат гирифт ва дар интиҳои он иштирокчиён ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer