Вохӯрии кормандони мақомот бо сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд
10 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи 1000-чашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Муҷун ва Росровути ҳамин ноҳия баргузор гардид.Дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомот доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин оид ба татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дар кишвар, хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андешида намуда, дар қисмати охири вохӯрӣ бо сокинон музокираи натиҷабахш атрофи масъалаҳои баррасишаванда сурат гирифт.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ



