Баргузории онлайн-машварат вобаста ба таъсиси Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба поктинатӣ дар тиҷорат
11 апрели соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба поктинатӣ дар тиҷорат онлайн-машварат баргузор гарид, ки дар рафти он кормандони Агентӣ, намояндагон аз корхонаю муассисаҳои давлатии кишвар, инчунин бахши хусусӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ ширкат варзиданд.Шабакаи мазкур аз тарафи Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки Аврупоӣ оид ба Таҷдид ва Рушд таъсис дода шуда, фаъолияти он барои муттаҳид намудани намояндагони бахшҳои хусусӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ, ассотсисатсияҳои соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар атрофи масоили муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ ва поктинатӣ дар тиҷорат равона гардидааст.
Дар чорабинии мазкур масъулини Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, инчунин Бонки Аврупоӣ оид ба Таҷдид ва Рушд дар мавзӯи «Арзёбии эҳтиёҷот ба мутахассисони мувофиқат (комплаенс) дар Осиёи Марказӣ» суханронӣ намуда, баъдан иштирокчиён оиди мавзӯъ фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ.



