Гузаронидани мизи мудаввар дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик М.Назаршоев
Санаи 9 апрели соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик М.Назаршоев мизи мудаввар дар мавзуи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва Донишгоҳ ширкат варзида, байни иштирокчиён вобаста ба мавзуҳои роҳҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва нақши ҷомеа дар муқовимат бо ин падидаи манфур музокирот анҷом дода шуд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ сурат гирифта, дар фарҷоми он аз иштирокчиён таклиф ба амал оварда шуд, ки тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва ба роҳ мондани муборизаи беамон бо ин зуҳурот равона намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ



