Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани фарҳанги молиявӣ дар самти низоми пардохтҳои ғайринақдӣ»

22 январи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе» дар мавзӯи «Баланд бардоштани фарҳанги молиявӣ дар самти низоми пардохтҳои ғайринақдӣ» семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

 

Мақсади асосии чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифати молиявии аҳли ҷомеа оид ба пардохтҳои ғайринақдӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

 

Чорабиниро роҳбарияти муассиса оғоз намуда, доир ба афзалият, бартарият ва зарурати гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ андешаронӣ карданд.    

 

Иштирокчиёни дигар низ дар мавзӯъҳои «Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии љумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар партави Паёмҳои Пешвои миллат» ва «Низоми пардохти ғайринақдӣ ва истифодаи технологияҳои муосир» маърӯза ироа намуданд.

 

Дар интиҳо иштирокчиён дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлӯҳои гуногуни масъалаҳои баррасишавандаро зери музокира қарор доданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории вохӯрӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе

22 январи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо аҳолии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомот, директорон ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкурро роҳбарияти мақомот ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба масъалаи баррасишаванда ибрози андеша намуданд. 

 

Дар идома аз ҷониби кормандони раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии содиршавии вайронкунии талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак» фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории мулоқоти судманд марбут ба таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия бо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Санаи 20 январи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохўрии судманд дар мавзўӣ «Омўзиши қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» ташкил ва баргузор карда шуд.

 

Чорабинии доиргардида бо иштироки роҳбарияти Корхона, сардорони раёсату шуъбаҳо ва масъулини намояндагиҳои Корхона дар хориҷи кишвар доир гардида, дар он қонунгузории миллӣ ва барномаҳои давлатии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

 

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои аввалини соҳибихтёрии хеш дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар мушкилотҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, мубориза бо ин падидаи номатлубро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор додааст.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбати худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

 

Маркази матбуоти  Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

6 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо ташаббуси шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикитон дар минтақаи Рашт ва иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, намояндагони аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа вохӯрӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28 декабри соли 2024 дар бинои Парлумони кишвар ироа гардид, сурат гирифт.

 

Зимни чорабинӣ кормандони шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Рашт муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои миллатро доир ба иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ маърӯза намуданд.

 

Махсус қайд карда шуд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии омилҳои коррупсия маҳсуб ёфта, бо пешниҳоди Президенти маҳбуби кишварамон эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» яке аз иқдомҳои саривақтӣ арзёбӣ карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ»

23 декабри соли 2024 бо ташабусси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо иштироки кормандони раёсат ва намояндагони бахши маорифи шаҳри Левакант семинари омӯзишӣ таҳти унвони: «Роҳҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ» миёни кормандонӣ муассисаи таълимии мазкур ва дигар кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант баргузор гардид.

 

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи иштирокчиён қайд гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа мебошад ва дар ҷаҳони муосир ҳамчун яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва харобсозандаи рушди иқтисодию иҷтимоии давлату ҷомеа эътироф гаштааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабулшуда аз дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, барои паст кардани сатҳи коррупсия, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.

 

Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби коррусионӣ гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ байни аҳолӣ мувофиқи мақсад мебошад.  

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинарҳои илмӣ – амалӣ дар як қатор идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ

Дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ бо ташаббуси раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии  таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳукрии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии таълимии Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе дар мавзӯи: «Қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» семинарҳои илмӣ - амалӣ доир гардид.

 

Дар чорабинӣ ҷиҳати таъмини ташвиқу тарғиби зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мазмун ва муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳои доиргардида дар фазои муколимаи илмӣ ва табодули афкор сурат гирифта, изҳори боварӣ карда шуд, ки он ҷиҳати равнақи мафкураи зиддикоррупсионии иштирокчиён шароит мусоид фароҳам меорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории мизи мудаввар бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон

13 декабри соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки як қатор кормандони мақомот ва намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон тариқи маҷозӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия: аҳамияти чораҳои пешгирикунанда» баргузор гардид.

 

Чорабинӣ дар доираи «Барномаи ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024 - 2025 оид ба амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти муқовимат ба коррупсия» доир гардида, дар рафти он вобаста ба таҷрибаи миллӣ дар самти муқовимат ба коррупсия табодули таҷриба сурат гирифта, иштирокчиён доир ба мавзӯъ ибрози андеша намуданд.

 

Ҷонибҳо ба рушд ва тавсеаи шарикии мутақобилан судманд дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Созишномаи болозикр изҳор намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Мулоқоти корӣ бо намояндагони Вазорати адлияи Штатҳои Муттаҳидаи Америка

12 декабри соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати расмии мақомот бо намояндагони Вазорати адлияи Штатҳои Муттаҳидаи Америка доир гардид.

 

Зимни мулоқот масъалаҳои мубориза бар зидди пулшӯӣ, маблағгузории терроризм, ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт ва самтҳои асосии фаъолияти мақомот мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

 

 Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои рушд ва тақвият додани ҳамкориҳо иброз намуданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer