Муқовимат ба коррупсия – кори дастаҷамъӣ
10-уми апрели соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Конфронс дар мавзӯи: «Муқовимат ба коррупсия – кори дастаҷамъӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва роҳбарону кормандони аксарият ниҳодҳои давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.
Зимнан, масъулини Агентӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, пешгирӣ аз содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба ин падида, инчунин ҷиҳати таъмини амалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуданд ва ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатиро дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамаҷониба тавзеҳ доданд.
Дар маҷмӯъ, Конфронс дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифт ва ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён хоҳад расонид.
Маркази матбуоти Агентӣ



