Ошкори ҳолати гирифтани пора аз тарафи шахси мансабдор

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шукурзода М. нишон дод, ки номбурда дар вазифаи муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти гирифтани пора зад.
 
Чунончи, Шукурзода М. ҳамчун шахси мансабдор қасди гирифтани пораро назди худ пеша намуда, моҳи феврали соли 2025 барои дар доираи ваколатҳои хизматиаш ба манфиати намояндаи порадиҳанда М.М. иҷро кардани амали муайян, яъне нисбати додари номбурда дар доираи парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ қарордошта оғоз накардан ва қатъ намудани қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ бинобар дар кирдораш мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, маблағи 20000 сомонӣ аз шаҳрванд М.М. талаб намуд.
 
Сипас, худи ҳамон моҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шукурзода М. баъд аз ба сифати пора гирифтани маблағи пулии 20 000 сомонӣ аз шаҳрванд М.М. дар дохили воситаи нақлиёти худ дар ҳудуди шаҳри Исфара дастгир карда шуда, маблағҳои пулӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ў ёфта гирифта шуд.
 
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Шукурзода М. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби директори ҶДММ «Давлатманд»-и шаҳри Кӯлоб

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки Саидов И.М. ҳамчун муассис ва роҳбари ҶДММ «Давлатманд»-и шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш давоми солҳои 2023 ва 2024 дар озмуни тендерӣ вобаста ба «Азнавсозии роҳҳои пиёдагард ва мошингарди дохили шаҳрии аҳамияти маҳаллидоштаи шаҳри Кўлоб» ва «Азнавсозии намои берунаи хонаҳои истиқоматии хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб» ширкат варзида, ғолиби он эътироф карда шуд.
 
Сипас Саидов И.М. қасдан ва мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ҳангоми иҷрои корҳои таъмирӣ дар иншоотҳои мазкур дар ҳуҷҷатҳои иҷрои корҳои сохтмонии моҳҳои май ва июни солҳои 2023-2024 ҳаҷм, меъёр ва арзиши масолеҳи истифодашударо ба таври сохтакорӣ барзиёд нишон дода, бо ин роҳ маблағи 189.741 сомониро тасарруф намуда, ба эҳтиҷоти шахсиаш сарф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонид.
 
Оиди ҳолати мазкур нисбати Саидов И.М. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Нозимов И.Н. нишон дод, ки моҳи июни соли 2023 байни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҳамчун «Корфармо» ва ҶДММ «Назри И» ҳамчун «Пудратчӣ» дар шахсияти директори ҳамин ҷамъият Нозимов И.Н. қарордоди тендерӣ ба маблағи 1.630.6657 евро ҷиҳати сохтмони иншооти «Барқарорсозии обанборҳои Ҷангалак ва Тебалай» дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Кӯлоб» ба имзо расонида шуд.
 
Дар навбати худ, Нозимов И.Н. ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоб рафта, бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ бо истифода аз ваколати мансабиаш зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур арзиши молу маҳсулотҳо ва корҳои иҷрошударо нисбат ба арзиш ва нархи воқеии он барзиёд нишон дода, бо ин роҳ маблағи 165927,85 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуд.
 
Сипас, номбурда баҳри рӯйпӯш намудани кирдори ҷиноятии худ ҳуҷҷатҳои муҳосиботиро вобаста ба иҷрои корҳои сохтмонӣ бо роҳи сохтакорӣ омода карда, дар он маълумотҳои таҳрифшуда вобаста ба арзиш ва ҳаҷми корро ворид намуд.
 
Оиди ҳолати мазкур нисбати Нозимов И.Н бо моддаҳои 257 қисми 3 банди «в» ва 340 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки Маҳсуддинов Ҷ.А. дар вазифаи директори ҶДММ «Билоли Ҷамил»-и ноҳияи Восеъ кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Суннатулои М.М. амал карда, моҳи декабри соли 2023 дар озмуни хариди давлатӣ вобаста ба таъмини молу маҳсулот ба КВД «Обу корези Душанбе» ширкат варзиданд, ки дар натиҷа ҷамъият бо пешниҳоди маблағи 2 267 109 сомонӣ ғолиби озмун эътироф карда шуд.

 

Зимнан, Маҳсуддинов Ҷ.А. қасди ба даст овардани молу мулки ғайрро назди худ пеша намуда, тибқи қарордоди баимзорасида ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи 1 635 000 сомонии ба суратҳисоби ҷамъият гузаштаро нақдӣ кунонида, аз ҳисоби он 14%-ро, яъне 228 900 сомониро ба худ гирифта, боқимонда маблағро ба шахсони масъули Корхона супорид.

 

Минбаъд Маҳсуддинов Ҷ.А. ва шарикони ҷиноятиаш бо мақсади ниҳон доштани амали ҷинояткоронаи худ борхатҳои хароҷотиро оиди гӯё дастрас намудани молу маҳсулот ба КВД «Обу корези Душанбе»-ро бо роҳи сохтакорӣ омода карда, ба Корхона пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд. 

 

 Оиди ҳолати мазкур нисбати Маҳсуддинов Ҷ.А. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ дар Агентӣ

Санаи 20 майи соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалсаи гурӯҳи кории байниидоравӣ роҷеъ ба худбаҳодиҳии даври дуюми шарҳи татбиқи бобҳои 2 ва 5 Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти он дар баробари кормандони мақомот инчунин масъулин аз дигар вазорату идораҳои кишвар ширкат варзиданд.

 

Дар рафти чорабинӣ ба аъзоёни гурӯҳи кории байниидоравӣ маълумот вобаста ба Конвенсияи СММ зидди коррупсия ва давраҳои худбаҳодиҳии он аз тарафи аъоёни Конвенсия фаҳмонида дода шуда, бо мақсади гузаронидани худбаҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзоёни гурӯҳи корӣ моддаҳои дахлдори Конвенсия аз рӯи ҷадвали таҳиягардида барои омода намудани ҷавобҳои мушаххас тақсимбандӣ гардиданд.

 

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи кории мазкур ин гузаронидани худбаҳодиҳии даври дуюми шарҳи татбиқи бобҳои 2 ва 5 Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, гузаронидани он барои баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати қаллобӣ вобаста ба хизмати ҳарбӣ

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қудбиддинзода Қ.Қ. нишон дод, ки номбурда дар вазифаи афсари зершуъбаи ташкили системаи идоракунии шуъбаи нуқтаи идоракунии Раёсати амалиётии ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, моҳи ноябри соли 2023 бо истифода аз мақоми хизматии худ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд О.Т. даромада, аз номбурда барои аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани хешовандаш О.Н.И. маблағи 61000 сомонӣ талаб намуд.

 

Зимнан, Қудбиддинзода Қ.Қ. дидаю дониста аз он ки ваколати озод кардани сарбозро аз хизмати ҳарбӣ надорад, давоми соли 2024 дар якчанд маврид бо роҳи фиреб аз шаҳрванд О.Т. дар умум маблағи 59000 сомониро гирифта, онро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, ба манфиати сарбоз О.Н.И. ягон амали муайянро иҷро накард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд О.Т. зарари калони моддӣ расонид.   

 

Вобаста ба ҳолати болозикр нисбати Қудбиддинзода Қ.Қ. бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати тасарруфи маблағҳои кредитӣ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки Юсупов Ш.Ф. дар вазифаи мутахассиси дараҷаи 2-и шуъбаи қарзҳои хурд ва миёнаи Идораи қарздиҳии дастгоҳи марказии КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» кор карда, моҳи апрели соли 2024 бо мақсади тасарруфи пулу моли ба тариқи кредитдодашуда бо шаҳрвандон Набиева Ш.Т. ва Раҳматуллоева В.Н. сухан як намуда, ба маслиҳат омаданд, ки бо роҳи пешниҳоди маълумоти таҳрифшуда ба бонк ба андозаи 100 000 сомонӣ қарз гирифта, онро тасарруф менамоянд.

 

Дар ин асно, Раҳматуллоева В.Н. тибқи нақшаи ҷиноятии тарҳрезишуда амал карда, давоми моҳҳои март-апрели соли 2024 барои гирифтани қарзи бонкӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ ба филиали КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Бохтар бо дархост муроҷиат карда, ба муассисаи қарзӣ маълумотҳои бараъло таҳрифшударо оиди вазъи молиявӣ ва фаъолияти соҳибкориаш пешниҳод намуд, ки дар натиҷа ба номбурда қарзи кредитии дархостшудааш дода шуд.

 

Раҳматуллоева В.Н. баъди аз хазинаи бонк гирифтани маблағи кредитӣ онро аз рӯи таъиноташ истифода набурда, байни шарикони ҷиноятии худ тақсим намуданд ва онро пурра ба тасарруфи худ дороварданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба филиали КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Бохтар зарари калони моддӣ расониданд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Юсупов Ш.Ф. ва дигарон бо моддаи 246 қисми 2 бандҳоии «б» ва «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати қаллобии кормандони милитсия

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷўи муайян карда шуд, ки Абдуллозода У.Н. дар вазифаи ваколатдори калони оперативии Шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷўии Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматӣ дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ зад.

 

Чунончи, Абдуллозода У.Н. дидаву дониста аз он ки шаҳрванд Ш.Ҳ. барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳабси маъмурӣ қарор дорад ва нисбати номбурда ягон гуна маводи санҷишӣ вобаста ба ҳолати даст доштани охирон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷой надорад, бо як қатор кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан як намуда, бо роҳи фиреб ба боварии бародари шаҳрванд Ш.Ҳ. - Ш.Ш. даромада, аз номбурда бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз ҳабси маъмурӣ озод намудани додараш Ш.Ҳ. ғайриқонунӣ маблағи 200.000 сомонӣ талаб карданд.

 

Дар навбати худ, шаҳрванд Ш.Ш. бехабар аз қасди ҷиноятии Абдуллозода У.Н. ва шарикони ў ба гуфтаҳои номбурдагон боварӣ намуда, давоми моҳи январи соли 2025 дар якчанд ҳолат тариқи миёнаравҳо ба Абдуллозода У.Н. ҷамъ маблағи 190.000 сомониро дод, ки дар натиҷа охирон баъди гирифтани маблағи зикршуда онро тасарруф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд Ш.Ш. зарари махсусан калони моддӣ расонид.

      

Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуллозода У.Н. ва дигарон бо аломатҳои дар моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer