Вохӯрии маҷозӣ бо масъулини Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ
Санаи 8 апрели соли 2025 байни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) вохӯрии маҷозӣ сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили гузаронидани мониторинги раванди иҷрои Нақша - чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи якум (2021-2025), инчунин оид ба раванди таҳияи лоиҳаи Нақша - чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (2026-2030) гуфтушунид анҷом доданд.
Қайд гардид, ки баргузории чорабиниҳои зикршуда барои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» заминаи мусоид фароҳам меоварад ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ омода аст, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин тадбирҳо ба Агентӣ мусоидат намояд.

Маркази матбуоти Агентӣ



