Баргузории Конфронси илмӣ дар шаҳри Ҳисор

Моҳи марти соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор дар доираи татбиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» Конфронс доир карда шуд, ки дар рафти он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарону масъулини воҳидҳои сохтории шаҳри Ҳисор, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар корхонаву идораҳои давлатӣ ширкат варзиданд.
 
Дар рафти чорабинӣ масъулини Агентӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии аҳолӣ, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуда, ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавоии қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсиониро расониданд.
 
Дар маҷмӯъ Конфронс дар фазои илмӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбати худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer