Баргузории вохӯрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Моҳи апрели соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вобаста ба шарҳи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар масъалаҳои мухталифи самти муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур масъулини Агентӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, пешгирии содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба ин падида, инчунин ҷиҳати таъмини амалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуданд ва ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатиро дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамаҷониба тавзеҳ доданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории вебинарӣ минтақавӣ дар Агентӣ

2 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ бо иштироки васеъи кормандони воҳидҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ дар доираи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия вебинарӣ минтақавӣ дар мавзӯи «Бойшавии ӣайриқонунӣ ва сӯистифода аз мансаб» ташкил ва баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ ба ғайр аз масъулини мақомот ва Раёсати болозикр коршиносони мақомоти зиддикоррупсионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои зикргардида ширкат варзида, дар вебинар коршиносон доир ба мавзӯҳои матраҳшуда бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстона, илмӣ ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки донишҳои бадастомада минбаъд дар фаъолияти хизматии кормандон баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва минтақа истифода хоҳанд гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Вохӣрии кормандони мақомот дар як қатор муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ

Моҳи апрели соли 2025 бо мақсади ҷалби ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи омӣзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва КВД БДА “Саноатсодиротбонк” вохӯриҳо анҷом дода шуд.

 

Дар рафти чорабинӣ ба ҳозирин муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», роҳу усулҳои муосири пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва мазмуну моҳияти барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ фаҳмонида шуда, даъват гардид, ки бо такя ба дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб якдилона сайъу кӯшиш намуда, ҷиҳати паст кардани шиддати он дар мамлакат, беҳтар намудани мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ дар таъмини рушди босуръати иқтисодиёти давлат саҳмгузор бошанд.

 

Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

                               

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

БАРГУЗОР НАМУДАНИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ДАР ЯК ҚАТОР ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ КИШВАР

Моҳи апрели соли 2025 тибқи «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи якуми соли 2025» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда бо иштироки роҳбарият ва кормандони ниҳодҳои мазкур суҳбату вохӯриҳо доир гардиданд.
 
Зимнан, дар рафти чорабинӣ ба ҳозирин муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», роҳу усулҳои муосири пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва мазмуну моҳияти барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ фаҳмонида шуда, даъват гардид, ки бо такя ба дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб якдилона сайъу кӯшиш намуда, ҷиҳати паст кардани шиддати он дар мамлакат, беҳтар намудани мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ дар таъмини рушди босуръати иқтисодиёти давлат саҳмгузор бошанд.
 
Дар баробари мавзӯҳои зиддикоррупсионӣ аз тарафи маърузачиён инчунин доир ба хавфу хатари экстремизм, терроризм, аз байн бурдани фарҳанги барои миллати мо бегона, истифодаи мақсадноки қувваи барқ, об, замин ва дигар масъалаҳои мубрам фаҳмонида дода шуд.
 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Вохӯрӣ бо намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе

Санаи 25 апрели соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни масъулини мақомот ва намояндагони Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе вохӯрӣ сурат гирифт.

 

Дар рафти мулоқом масъалаҳои роҳандозӣ намудани чораҳои муштарак барои таҳияи Нақша чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (марҳилаи дуюм 2026-2030), баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои кормандони вазорату идораҳо ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи онҳо дар самти ошкорсозӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ, андешидаи чораҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати амалисозии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба татбиқи тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, инчунин дигар масоили ҷолиби диққат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Аз натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади мубориза бо коррупсия ва паст кардани шиддати ин зуҳурот давоми соли ҷорӣ яқ қатор чорабиниҳои муштараки зиддикоррупсиониро роҳандозӣ менамоянд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари омӯзишӣ бо Сарраёсати мубориза бо коррупсияи назди Прокурори генералии Ҳумҳурии Озарбойҳон

Дар асоси «Барномаи ҳамкорӣ оид ба амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҳумҳурии Тоҳикистон ва Прокуратураи генералии Ҳумҳурии Озарбойҳон дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2024 - 2025», ҳамзамон бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши таҳрибаи кишварҳои хориҳӣ дар самти муқовимат ба коррупсия 22 апрели соли 2025 аз ҳониби Агентӣ дар ҳамбастагӣ бо Сарраёсати мубориза бо коррупсияи назди Прокурори генералии Ҳумҳурии Озарбойҳон дар мавзӯи «Таҳрибаи оперативӣ - ҳустуҳӯӣ ва тафтишотии ҳиноятҳои коррупсионӣ» тариқи маҳозӣ семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар рафти он кормандони самти тафтишотӣ ва оперативӣ аз ҳарду ниҳод ширкат варзиданд.

 

 Зимни чорабинӣ масъулини ниҳодҳо дар мавзӯҳои «Ташкили кори гурӯҳҳои тафтишотӣ - оперативӣ оид ба ҳиноятҳои коррупсионӣ дар Сарраёсати мубориза бо коррупсияи назди Прокурори генералии Ҳумҳурии Озарбойҳон», «Хусусиятҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҳустуҳӯӣ оид ба ошкор намудани ҳиноятҳои коррупсионӣ дар Сарраёсати мубориза бо коррупсияи назди Прокурори генералии Ҳумҳурии Озарбойҳон» ва «Тартиби ошкор ва тафтиши пешакии парвандаҳои ҳиноятии коррупсионӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҳумҳурии Тоҳикистон» баромад намуда, вобаста ба таҳрибаи худ дар ошкор, тафтиши пешакӣ ва тартиби пешбурди фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуда, дар қисмати хотимавии чорабинӣ байни иштирокчиён вобаста ба мавзӯъ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Боиси қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои муштарак барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам оварда, дар назар аст, ки аз натиҳаи он ҳонибҳо аз таҳрибаи муосири зиддикоррупсионии тарафҳо баҳраманд мегарданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории вохӯрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Дар идомаи Нақшаи - чорабиниҳои раёсати Агентиии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санаи 16 апрели соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили пешгирии ҷиноятҳо» вохӯри баргузор гардид.
 
Чорабинии мазкур бо иштироки муовини раиси ноҳия, кормандон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Шуғнон гузаронида шуда, роҳҳои пешгирии коррупсия, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва заминаҳои меъёрӣ – ҳуқуқии мавҷуда барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба чунин кирдорҳо дастзада мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.
 
Дар интиҳо иштирокдорон дар доираи мавзӯи баррасишаванда фикру андешаҳои худро иброз намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Мизи мудаввар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

17 апрели соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи илм ва маориф» баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва масъулини Институт иштирок намуданд.

 

Дар рафти чорабинӣ маърӯзачиён атрофи масъалаҳои коррупсия ва оқибатҳои хисороти ин падидаи манфӣ ба амнияти иқтисодии кишвар, инчунин самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози андеша намуда, доир ба мавзӯи рӯз байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Ҳадаф аз баргузории чунин чорибиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail

Footer