Эълон

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Моҳвораи ҷавонон» аз 15 то 20 майи соли 2025 дар «Боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор намояд.
 
Дар чорабинӣ гузаронидани ярмаркаи китобҳо, виктаринаҳои зиддикоррупсионӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар онҳо фаъолона ширкат варзанд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Э Ъ Л О Н

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар соли 2025 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои миллии илмҳо ва илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, иттифоқҳои адвокатҳо ва Тоҷикматлубот, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

 

Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31 Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи ташкилотҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.

 

Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфу амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои болозикр, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, дастрасии иттилооту ва фаъол будани сомонаи расмӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи электронии «Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.» ирсол намоянд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

ЭЪЛОН

Ба диққати донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ расонида мешавад, ки бо ташаббуси Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар байни донишҷӯёни кишварҳои аъзои Шӯро «Олимпиадаи V  байналмилалӣ оиди бехатарии молиявӣ» баргузор мегардад.

 

Даври аввали Олимпиада аз 31 март то 4 апрели соли ҷорӣ дар платформаи «Содружество» дар формати маҷозӣ (онлайн) баргузор гардида, дар он донишҷӯён (бакалавр – то курси 3, олӣ – то курси 4 ва магистратура – 1 курс)  иштирок карда метавонанд.

 

Бақайдгирии иштирокчиён аз 1 то 30 марти соли 2025 тариқи онлайн сурат мегирад. Маълумоти бештарро метавонед аз суроғаи https://rosfinolymp.ru ва  портали махсуси созмондодаи https://sodrujestvo.org/ru гирифта, то санаи муқарраргардида аз бақайдгирӣ гузаред.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Э Ъ Л О Н

Ҳамватанони азиз!

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдори соҳаи нақлиётии кишвар (Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои зертобеи он, аз ҷумла МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», МД «Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаҳои равшандиҳӣ», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт», КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои мусофиркашонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (троллейбусу автобусҳо, микроавтобусҳо, таксиҳо) чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии  кормандони ин самт ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда доир намояд.

 

Аз ин лиҳоз, даъват ба амал оварда мешавад, ки таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳо ва  пешгирии содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ дар ин самт тариқи  почтаи  электронӣ «Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.», шабакаҳои иҷтимоии «Viber» ва «WhatsApp» «(+992) 880-00-63-77» ё маркази ягонаи тамос «15-00» унвонии Агентӣ ирсол намоед.

 

Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи банди 1 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» шахсе, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ хабар додааст ё бо тарзи дигар дар муқовимат ба коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп намудан E-mail

Эълони озмуни зиддикоррупсионии «ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНИРО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ!»

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади азхудкунии дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир бо ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ҳамазмон иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълони баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 озмуни шаҳрии “Расми беҳтарин”, “Беҳтарин иншо” ва “Мақолаи беҳтарин” – ро таҳти унвони «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» эълон менамояд!
 
Озмун аз ду давр иборат буда, аз 15 октябр то 15 ноябри соли 2024 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад: – даври якум – аз 15 то 31 октябр дар ноҳияҳо;
– даври дуюм (ниҳоӣ) – аз 1 то 15 ноябр дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе».
 
Иштирокчиёни он ба гурўҳҳои аз 7 сола то 18 сола тақсим гардида, баҳогузорӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибон тибқи ин раддабандӣ дар алоҳидагӣ сурат мегирад ва дар ҳар як номинатсия 6 ғолиб: ҷойҳои якум – 1 нафар, ҷойҳои дуюм - 2 нафар ва ҷойҳои сеюм - 3 нафар муайян карда мешавад.
 
Озмуни «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» дар асоси дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибони он бо мукофотпулиҳо, аз ҷумла барои ҷойҳои якум 2000 (ду ҳазор) сомонӣ, барои ҷойҳои дуюм 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 1000 (ҳазор) сомонӣ муқаррар карда шудааст.
 
Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун нимаи авввали моҳи ноябр бахшида ба «32 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир карда мешавад.
 
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 2218571; (+992 50) 107 08 20; (+992 88) 000 63 80.
 
Биёед, ҷамъиятро аз фасод тоза месозем!
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

  • 1
  • 2
Footer