.
Давоми моҳи майи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷалби ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Данғара, Муминобод ва Ховалинг якчанд вохўриҳои судманд анҷом дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини мақомот вобаста ба шарҳу тавзеҳоти қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, пешгири зуҳуротҳои номатлуби коррупсия, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, тағйиру иловаҳои ба қонунгузории миллӣ воридшуда вобаста истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромадҳои пурмуҳтаво ироа карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Чоп намудан
E-mail
.
Моҳи майи соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар заминаи конфронс ва чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносӣ ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент» доир гардид, вохӯрии самаранок доир ба таҳлил ва омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ бо кормандони соҳаи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор карда шуд.
Дар чорабинии доиргардида кормандони Шуъба оид ба чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқваронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаи фарҳанг, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, инчунин доир ба хавфу хатари экстремизм ва терроризм дар ҷомеа, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои зиддикоррупсионӣ сурат гирифт ва ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Чоп намудан
E-mail
.
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсия муборизабаранда, ки он аз 20 то 23 майи соли 2025 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Чорабинӣ барои таҳким бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва муайян намудани чораҳои муосири муқовимат ба коррупсия равона гардида, дар рафти он зиёда аз 120 намояндагони мақомоти зиддикоррупсионӣ аз 92 кишварҳои дунё иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа аз фаъолияти Шабака дар давраи соли 2024, корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои ноилгашта, таҷрибаҳои пешақадам ва чораҳои муассир дар самти муқовимат ба коррупсия, ҳамкориҳои ҷойдошта байни аъзоёни Шабака, роҳҳои тақвияти робитаи ҷонибҳо, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Шабака ва чораҳои ҳалли он натиҷагирӣ карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар маҷмӯъ чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузаронида шуда, бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои мустаҳкам кардани робитаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштан савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳа моҳи майи соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон семинар-машварат дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ мудирони шуъбаю бахшҳои соҳаи дин ва танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар рафти он аз тарафи масъулини раёсати Агентӣ дар ВМКБ доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024, қонунгузории зиддикоррупсионӣ, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, фурўш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҳуқуқвайронркунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда вобаста ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва дигар самтҳои мухталиф корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Чоп намудан
E-mail
.
21 майи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар ҳамбастагӣ бо раёсати адлияи вилояти Хатлон дар толори маҷлисгоҳи Муасиссаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия» бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» доир гардид.
Дар чорабинӣ масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, Муасиссаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», прокуратураи вилояти Хатлон, раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, раёсати адлияи вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон, кормандони ҷамоати шаҳраку деҳот, олимону устодон ва донишҷӯён ширкат варзиданд, ки теъдоди умумии иштирокчиёни чорабинӣ 300 нафарро ташкил дод.
Дар рафти чорабинӣ қайд гардид, ки дар замони муосир дар рушду инкишофи давлат ҷавонон нақши муҳим доранд ва умеду такягоҳи давлату миллатанд. Бо назардошти ин, ҷавононро зарур аст, ки пайваста ба омӯзиш, такмили донишу маърифати ҳуқуқии худ машғул шаванд. Барои ташаккул додани мафкураи миллӣ дар вуҷуди ҷавонон, шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва дар рӯҳияи ҳисси оштинопазир будан бо терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва намудҳои дигари ҷиноятҳо тарбия намудани ҷавонон, бадин васила пешгирӣ намудани моилгардонии ҷавонон ба андешаву ҳадафҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз масъулини сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талошҳо ва тадбирандешиҳои бештар дар ҳамоҳангӣ тақозо мегардад.
Мақсад аз баргузории конференсия ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон арзёбӣ гардида, муборизаи фаъолонаи онҳо бар зидди коррупсия аз он шаҳодат медиҳад, ки насли нави шаҳрвандони Тоҷикистон ба ростқавлӣ, адолат ва рушди кишвари худ талош меварзанд. Дастгирии ҷавонон дар талошҳои онҳо барои муқовимат ба коррупсия ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ зарур мебошад.
Дар умум конференсия дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ба кори он баҳои баланд доданд.
Чоп намудан
E-mail
.
Санаи 21 майи соли 2025 ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷаласаи машваратии Шабакаи байниидоравии барқарорсозии дороиҳо дар Осиёи Шарқӣ ва Марказӣ (ARIN-WCA) ширкат варзиданд, ки дар баробари ҳайати мақомот дар чорабинии мазкур инчунин намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон низ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа аз тарафи иштирокчиён фаъолияти анҷомдодаи Шабака дар давраи соли 2024, натиҷаҳои бадастоварда, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва камбудиҳои дар фаъолияти Шабака ҷойдошта мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ бадастоварда яке аз мушкилоти глобалии ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, фаъолияти Шабака маҳз барои мубориза бо ин падидаҳои манфур равона гардида, дар ин ҷода байни аъзоёни он робитаи кории хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ бинобар сабаби дар соли 2025 гузаштани раисии Шабака ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи он дар шароити тантанавӣ ба масъулини Агентӣ супорида шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Санаи 20-уми майи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ҷамъиятҳои «Корезлоиҳа», «Саноатсоз», «Шаҳрофар» ва корхонаҳои воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ», «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» ва «Лоиҳакаш» ҷиҳати таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, инчунин вобаста ба тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии барпошуда кормандони мақомот ба масъулини соҳаи сохтмон ва меъморӣ мазмун ва муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳоро таҳлил намуда, роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа ва оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот дар соҳа ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ғайр аз ин, зимни баргузории вохӯрӣ ба иштирокчиён моҳияти тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории миллӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва ҷавобгарӣ барои содир намудани ин кирдорҳоро фаҳмонида шуда, масъулияти кормандони соҳаро ҷиҳати қатъиян худдорӣ намудан аз содир намудани қонунвайронкуниҳо дар самтҳои истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ таъкид намуданд.
Чоп намудан
E-mail
.
Санаи 14 – 15 майи соли 2025 ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини директори Агентӣ - Камолзода Ф.А. дар 11-умин вохӯрии коршиносони аъзоёни шабакаҳои минтақавии байниидоравии барқарорсозии дороиҳо, ки бо ташаббуси Маркази аврупоӣ оид ба ҷиноятҳои молиявӣ ва иқтисодии Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ аз 14 то 15 майи соли 2025 дар шаҳри Гаагаи Нидерландия баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ масъалаи фаъолияти Марказ ва зерсохторҳои он дар самти муқовимат ба қонунигардонии дороиҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм, баргардонидани дороиҳои ҷиноӣ, густариши фаъолияти Марказ ва воҳидҳои сохтории он дар самти табодули маълумот, инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки вохӯрии зикршуда баҳри боҳам овардани коршиносон ва намояндагони шабакаҳои минтақавии баргардонидани дороиҳо ҷиҳати табодули донишу таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва беҳтар намудани роҳу усулҳои ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт равона шуда, кормандони мақомот аз иштирок дар чорабинии мазкур таассуроти хуб ба даст оварданд.
Чоп намудан
E-mail