.
Санаи 24 майи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни шаҳрии «Коррупсия - фоҷеаи миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ шахсони масъули раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарону директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳр, намояндагони дигар муассисаҳои таълимӣ ва иштирокчиёни озмун аз ҳисоби толибилмони муассисаҳои таҳсилотии миёнаи умумии пойтахт ширкат варзиданд.
Нахуст, расмҳои кашидаи иштирокчиён дар саҳни «Боғи кӯдакон»-и Муассиса ба намоиш гузошта шуд, ки он аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ гардид.
Сипас дар шароити тантанавӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмуни «Коррупсия - фоҷеаи миллат» сурат гирифт. Пас аз супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун, намоиши фарҳангӣ бо иштироки ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни шаҳрии «Коррупсия-фоҷеаи миллат» соли дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуда, дар он хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо завқу ҳаваси баланд иштирок менамоянд. Озмун аз ду давр иборат буда, даври нахустини он моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.


Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
.
Ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, амалӣ намудани сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва сазовор ҷашн гирифтани иди «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» аз тарафи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо раёсати маорифи вилояти Суғд ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаи 22 майи соли 2025 озмуни вилоятии «Иншои беҳтарин» ва «Расми беҳтарин» дар мавзӯи муқовимат ба коррупсия гузаронида шуд.
Чорабинӣ байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида, дар рафти он зиёда аз 200 нафар хонандагон ширкат варзиданд.
Зимнан, аз тарафи масъулини раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, роҳбарияти раёсатҳои маориф ва кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, ки ҳамчун аъзоёни ҳайати ҳакамон баромад менамуданд, маводҳои пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор гирифта, ғолибони озмун муайян гардиданд ва дар шароити тантанавӣ бо диплому сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти Агентӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин ба вуҷуд овардани ҳисси масъулиятшиносӣ байни ҷавонон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии онҳо дониста мешавад.
Чоп намудан
.
Бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 21 майи соли ҷорӣ дар «Боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ барои ҷалби ҷавонон ба масоили муқовимат ба коррупсия гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт, инчунин доираи васеи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзиданд, ки ба таваҷҷӯҳи онҳо ҳамарӯза аз тарафи донишҷӯён барномаҳои фарҳангию фароғатӣ намоиш дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо кормандони Агентӣ бо мақсади таблиғи фарҳанги китобхонӣ дар байни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба муқовимат ба коррупсия ярмаркаи китоб таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия — кори дастаҷамъист» ташкил карданд, ки дар он иштирокчиён тавонистанд бо адабиёти илмӣ ва муосири соҳаҳои гуногун шиносоӣ пайдо намоянд.
Зимнан бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 5 рӯз дар доираи чорабиниҳои фарҳингии пешниҳодгашта виктаринаи зиддикоррупсионӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти чорабинии мазкур ба ҷавонони ҳузурдошта саволҳо вобаста ба самти муқовимат ба коррупсия пешниҳод гаштанд, ки ҷавонон дар ин чорабиниҳо фаъолона ширкат варзида, ба саволҳои пешниҳоднамудаи ровӣ ҷавобҳои дуруст ва пурра пешниҳод намуданд. Аз натиҷаи виктарина ба ғолибони он тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабиниҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон аз тарафи кормандони Агентӣ ба иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ ва буклетҳо зиддикоррупсионӣ тақсим гардиданд.
Зимнан, аз ҷавонони ҳузурдошта таклиф ба амал бароварда шуд, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои рушду тараққиёти Ватани азизамон равона намуда, дар масоили муқовимат ба коррупсия бетараф набошанд.
Дар маҷмӯъ, чорабиниҳои зикршуда дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, бо итиминони комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба масъалаи мубориза бо коррупсия таъсири мусбати худро мерасонад.
Чоп намудан
.
Хотирнишон месозем, ки дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон - муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудааст, аз 12 то 19 майи соли 2025 байни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи «Футболи хурд» баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишӣ 10 даста аз ҳисоби воҳидҳои сохтории мақомот байни худ қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа дастаи раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ғолиби мусобиқа гашт.
Зимнан, аз натиҷаи чорабинӣ дар шароити тантанавӣ ба дастаҳои ғолибомада аз тарафи роҳбарияти Агентӣ тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.
Дар маҷмӯъ мусобиқаи варзишӣ дар шароити дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо пеш аз ҳама тарғиби ҳаёти солим байни кормандони мақомот арзёбӣ мегардад.




Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
.
18 майи соли 2025 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар рафти он наздики 250 ҳазор нафар ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 19 ҳазор нафар иштирок намуданд.
Дар баробари кормандони вазорату идораҳо ва шаҳрвандони касбу кори гуногун дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ кормандони дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маҳалливу минтақавии мақомот дар вилояту шаҳрҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ин ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша карданд.
Таъкид шуд, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа - таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Баргузории Дави миллӣ ва таҷлили иду ҷашнҳо дар мамлакат ин нишона аз сулҳу оромии давлати азизамон буда, нишона аз арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст. Дави миллӣ низ воситаи сарҷамъии миллат, дӯстиву рафоқат ва воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба шаҳрвандон мебошад.


Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
.
Санаи 16 майи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави «Моҳвораи ҷавонон» барои аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дарси кушоди омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони ҷавони Агентӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ширкат варзиданд.
Зимнан, чорабинӣ аз тарафи муовини якуми директори Агентӣ ифтитоҳ гардида, вобаста ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ баромади пурмуҳтаво ироа намуданд.
Қайд гардид, ки ҷавонон нерӯи созанда, бунёдкор ва пайравони асили сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, дар замони муосир ба онҳо тамоми шароити лозима барои таҳсил ва фаъолияти кории пурсамар фароҳам оварда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.
Чоп намудан
.
Санаи 12 майи соли 2025 дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон - муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудааст, мусобиқаи «Футболи хурд» байни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст чорабиниро муовини якуми директори Агентӣ Расулӣ Барот ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба ташаббуси созанда ва саривақтии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати эълон намудани 25 май ҳамчун «Рӯзи байналмиалии футбол» ва пазируфта шудани ин ташаббус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ қайд гардид, ки футбол яке аз намудҳои машҳуртарини варзиш ба ҳисоб рафта, асоси пойдории дӯстӣ ва сулҳу субот дар байни халқу миллатҳои мухталифи дунё дониста шуда, дар ташаккули тарзи ҳаёти солими ҳар як нафар нақши муҳимро мебозад.


Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
.
Роҳбарият ва кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар дар пайравӣ аз сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 чораандешӣ намуда, дар ин замина дар мавзеи Санҷидзори деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом маъракаи ниҳолшинонӣ дар сатҳи баланд доир намуданд.
Дар рафти ин тадбири ободонӣ дар умум 1820 адад ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, аз қабили 650 адад зардолуи навъи интенсивӣ, 570 адад бодом, 570 адад шафтолу ва 30 адад арча бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дар масоҳати 3 гектар замин шинонида шуд.
Ҳамзамон, баҳри ҳифзу нигоҳдории ниҳолҳо ва таъмини инкишофу сабзиши минбаъдаи онҳо тадбирҳои судманд андешида шуда истода, кормандони раёсат минбаъд низ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва сарсабз намудани муҳити зист саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Чоп намудан