Гузаронидани семинари маҷозӣ дар Агентӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) санаи 2-3 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои мақомот семинари маҷозӣ дар мавзуи «Омӯзиши механизми шарҳи Конвенсия Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» ташкил ва баргузор намуд.
Дар чорабинӣ масъулин аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии мақомот ва намояндагон аз дигар вазорату идораҳои давлатӣ ширкат варзида, дар рафти он аз тарафи мушовири минтақавӣ оид ба муқовимат ба коррупсияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ - Владимир Козин вобаста ба тартиби фаъолияти кори Конференсияи Конвенсияи СММ зидди коррупсия, давраҳои шарҳи Конвенсия ва механизми он, инчунин дигар масъалаҳои мубрам баромад намуд.
Бояд қайд намуд, ки чорабини мазкур бо мақсади тақвияти дониши кормандони Агентӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати гузаронидани даври дуюми шарҳи бобҳои 2 ва 5 Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Маркази матбуоти Агентӣ



