29 марти 2025 .
Моҳи марти соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор дар доираи татбиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» Конфронс доир карда шуд, ки дар рафти он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарону масъулини воҳидҳои сохтории шаҳри Ҳисор, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар корхонаву идораҳои давлатӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинӣ масъулини Агентӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии аҳолӣ, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуда, ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавоии қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсиониро расониданд.
Дар маҷмӯъ Конфронс дар фазои илмӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбати худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Чоп намудан
E-mail
28 марти 2025 .
28 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ бо иштироки васеъи кормандони воҳидҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ ва минтақавии мақомот дар доираи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия вебинарӣ минтақавӣ таҳти унвони «Шиносоӣ бо асосҳои омории Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои ченкунии коррупсия» ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ ба ғайр аз масъулини мақомот ва Раёсати болозикр коршиносони мақомоти зиддикоррупсионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои зикргардида иштирок намуданд.
Зимни баргузории вебинар коршиносон бо маърӯза доир ба мавзӯҳои матраҳшуда баромад намуда, ба иштирокчиён таҷрибаи истифодаи асосҳои оморӣ барои дарк намудан ва андозагирӣ кардани коррупсияро дар соҳа, давлат ва минтақаи алоҳида омӯзонданд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстона, илмӣ ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки донишҳои бадастомада минбаъд дар фаъолияти хизматии кормандон баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва минтақа истифода хоҳанд гардид.
Чоп намудан
E-mail
27 марти 2025 .
27 марти соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандони соҳаи маориф, роҳбарият ва шахсони масъули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе оид ба мавзӯъҳои «Нақши маориф дар тарбияи зиддикоррупсионии ҷомеа» ва «Нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия» мулоқоти судманд анҷом дода шуд.
Чорабиниро сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба аҳамияти пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф андешаронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, раванди ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсия, нақши маориф ва омӯзгорон дар пешгирии коррупсия, тарбияи ҷавонону толибилмон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳифзи сулҳу субот суханронӣ карданд.
Дар фароварди мулоқот иштирокчиёни чорабинӣ фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба мавзӯъ иброз намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
19 марти 2025 .
18 марти соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки кормандони соҳаи тиб ва бахшҳои соҳаи тандурустӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ» баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ маърузачиён вобаста ба сабабу шароитҳои аз тарафи кормандони соҳаи тиб содир намудани қонуншиканиҳои коррупсионӣ, инчунин роҳҳо ва усулҳои паст кардани шиддати коррупсия дар ин соҳа баромадҳои пурмаҳтаво намуданд. Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, баҳри таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ сол аз сол тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои озод ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
19 марти 2025 .
Санаи 17-уми марти соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» конфронси сатҳи баланд бо роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва хатмкунандагони Донишгоҳ бо иштироки зиёди аз 1600 нафар баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ масъулини Агентӣ вобаста ба мавзуҳои рафъи омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳаи тиб, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот дар соҳа ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз донишҷӯён ва хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни интихоби касб бо дасту дили пок ба халқу Ватан хизмат намуда, дар фаъолияти минбаъдаи кории худ аз ҳамагуна кирдорҳои номатлуби коррупсионӣ худдорӣ кунанд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
13 марти 2025 .
Нимаи аввали моҳи марти соли 2025 дар асоси «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи якуми соли 2025» дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ҷиҳати муқовимати самаранок ба коррупсия дар мавзӯъҳои «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - зиддикоррупсионии кормандони соҳа, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда ва таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардида, зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳо ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.
Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар руҳияи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбати худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
11 марти 2025 .
11 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон онлайн-машварат вобаста ба таъсиси Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба поктинатӣ дар тиҷорат баргузор гарид, ки дар рафти он намояндагон аз корхонаю муассисаҳои давлатии кишвар, инчунин бахши хусусӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки Шабака аз тарафи Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки Аврупоӣ оид ба Таҷдид ва Рушд таъсис дода шуда, он барои муттаҳид намудани намояндагони бахшҳои хусусӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ, ассотсисатсияҳои соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатии кишварҳои Осиёи Миёна дар атрофи масоили муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ ва поктинатӣ дар тиҷорат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён атрофи афзалиятҳои таъсиси Шабака ва ба роҳ мондани робитаи судманд байни тарафҳо муҳокимаронӣ намуда, дар назар аст, ки таъсиси Шабакаи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия дар бахши хусусӣ заминаи мусоид фароҳам меовард.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
06 марти 2025 .
5 марти соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар толори маҷлисгоҳи Маркази рушди малакаҳои касбии шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарияти шуъбаи маориф ва масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Роғун семинари омӯзиши дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он дар соҳаи маориф» баргузор гардид.
Зимни чорабини дар баробари шарҳу тавзеҳи сиёсати зиддикоррупсионии кишвар дар соҳаи маориф, инчунин ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, амсоли сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбуб, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм сӯханронӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки соҳаи илму маориф дар саргаҳи сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.
Чоп намудан
E-mail