Баргузории мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор

Моҳи майи соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи митақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ вохўрӣ баргузор карда шуд.
 
Дар рафти чорабинии мазкур масъулини Агентӣ вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм, пешгирии нашъамандӣ, масъалаҳо оид ба танзими ҷашну маросим ва таълиму тарбияи кўдак, тарбияи ватандўстии шаҳрвандон, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, риояи фарҳанги миллӣ дар пўшидани сару либос, истифодаи самараноки нерӯи барқ суханронӣ намуданд.
 
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории ҷаласаи кории Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

14 майи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, зерсохторҳои мақомот, намояндагони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар маҳал ва муассисаҳои соҳаи тиббу маориф ҷаласаи кории Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомот баргузор гардид.
 
Чорабиниро роҳбарияти мақомот оғоз карда, вобаста ба фаъолияти Комиссия, камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ва роҳҳои бартараф кардани онҳо изҳори андеша намуданд.
 
Ҳамзамон дар идома аз ҷониби масъулини Агентӣ муҳтавои асосии тағйиру иловаҳои ба қонунгузорӣ воридгардида дар самти истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ шарҳ дода шуда, оиди роҳ надодан ба вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ дастурҳои мушаххас дода шуд.
 
Бо ҷамъбасти кори ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар кардани фаъолияти Комиссия ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Гузаронидани вохӯриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Бо ин ҳадаф давоми моҳи майи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Чинор ва Хурми шаҳри Панҷакент мулоқотҳои васеи корӣ анҷом дода шуд, ки дар рафти он доираи васеи роҳбарият, кормандон, омӯзгорон, имомхатибон, фаъолон ва сокинони ин минтақаҳо ширкат варзиданд.
 
​Дар аснои вохўрӣ кормандони Агентӣ вобаста ба тағйиру иловаҳои ба қонунгузории кишвар воридшуда дар самти истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, худдорӣ намудан аз содиркунии ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо, даст назадан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва дигар масъалаҳои зарурӣ суханронӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии кормандони мақомот бо масъулини Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии донишҷуён ва омўзгорон моҳи майи соли 2025 дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар рафти он аз тарафи масъулини мақомот ба ҳозирин мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меърии ҳуқуқии соҳаи зиддикоррупсионӣ, хатарҳоии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фаҳмонида дода шуд.
 
Дар интиҳо иштирокчиёни чорабинӣ дар доираи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, бахусус Кодекси ҷиноятӣ ва талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», инчунин мушкилотҳои соҳа ибрози андеша намуда, байни ҳозирин дар доираи мавзӯи вохӯрӣ мубодилаи афор сурат гирифт.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари маҷозӣ бо кормандони Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

13 майи соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари маҷозӣ баргузор гардид.
 
Чорабинии мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баргузор гардида, дар рафти он мавзўи «Мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба иқтисодиёти пинҳонӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
 
Ҳадафи аслии семинари зикргардида ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани табодули таҷриба ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои Агентӣ бо Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ ба ҳисоб рафта, он дар сатҳи баланд ва дар фазои дўстонаву созанда анҷом ёфт.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии кормандони мақомот бо масъулини соҳаи маорифи ВМКБ

Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳаи маориф санаи 6 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи: «Нақши маориф дар тарбияи зиддикоррупсионии ҷавонон» вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони шуъба, мудирони боғчаҳо ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳр ширкат варзиданд.
 
Зимни чорабинӣ аз тарафи масъулини мақомот вобаста ба сиёсати зиддикоррупсионии кишвар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин соҳа, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз баромадҳои пурмуҳтаво ироа карда шуда, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои марбута ба масъулин тавсияҳо ва дастурҳои мушаххас дода шуд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории мулоқот дар як қатор вазорату идораҳои кишвар

Давоми моҳи майи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва «Шабакаҳои интиқоли барқ», Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб мулоқотҳои корӣ гузаронида шуданд, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони ин ниҳодҳо ширкат варзиданд.
 
Дар рафти чорабиниҳо аз тарафи масъулини Агентӣ ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории самти истифодаи нерӯи барқ фаҳмонида шуд. Қайд гардид, ки ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишвари сабз табдил додани мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, ҷиҳати амалисозии ин ҳадафи олӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
 
Зимнан, таклиф ба амал оварда шуд, ки ташаббусҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба истифодаи дуруст ва самараноки нерӯи барқро сармашқи кори худ гирифта, ба ҳолати истифодаи ғайриқонунии он ва вайрон кардани талаботҳои қонунҳои миллӣ дар ин самт роҳ надода, тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати пешрафт ва ободонии Ватани азизамон равона созанд.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии кормандони мақомот бо масъулини корхонаву идораҳои шаҳри Бохтар

Дар асоси нақша чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар моҳи апрели соли 2025 дар раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ - иноватсионии шаҳри Бохтар» ҷиҳати таблиғу ташвиқи шарҳи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти маводи мухаддир, пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи дурусти нерӯи барқ, бо иштироки васеи кормандони муассисаҳо вохурӣ баргузор карда шуда, талаботи санадҳои меъёрии дар боло қайдшуда аз ҷониби намояндаи мақомот ба саҳми иштирокчиён расонида шуд.

 

Дар интиҳо иштирокдорон дар доираи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, инчунин мушкилотҳои соҳа ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer