Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Ҳун Манет

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистону Камбоҷа баррасӣ гардид.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз 30 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ изҳор доштанд, ки мо ҷонибдори тақвият бахшидани онҳо ҳастем.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва бахши фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Роҳандозӣ ва рушди ҳамкории байнипарлумонӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Дар чаҳорчуби робитаҳо дар созмонҳои байналмилалӣ аз дастгирии ташаббусҳои якдигар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар масоили пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва таъмини устувории муҳити зист аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Дар фароварди суҳбат аз Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа даъват карда шуд, ки барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034

8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” иштирок дорад.

Дар суханронии худ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот андешаронӣ намуда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.

Аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.

Тадбирҳои мушаххаси андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зистро таъкид намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки кишвари мо тайи 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад.

“Ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд”, изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

Ба андешаи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера ба таври возеҳ тасдиқ кард.

Роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷалб намуданд.

Таъкид карда шуд, ки дар охири моҳи майи соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қатъномаи марбутаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ кард.

Доир ба ҳадафҳои ин чорабинии сатҳи баланд андешаронӣ намуда, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки нахустин конфронси байналмилалӣ барои сафарбар кардани иродаи илмӣ ва сиёсӣ ба дарёфти роҳҳои ҳалли устувори ҳифзи сарчашмаи оби тоза, яъне пиряхҳо, заминаи мусоид фароҳам овард.

Аснои суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба масъалаҳои коҳишёбии бесобиқаи криосфера ҷалб намуданд.

Зикр карда шуд, ки раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсири назаррас расонад.

Дар ин зимн Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба инобати аҳаммияти пиряхҳо ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро таъсис диҳем.

Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуданд, ки ҳамкорӣ баҳри ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо густариш дода шавад.

Дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, ки чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар доираи он баргузор гардид, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ иштирок мекунанд.

Ҳамоиши сатҳи олӣ барои муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ифтитоҳ намуданд. Маросими ифтитоҳ сипас бо суханронии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле идома ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон ҳусни анҷом ёфт.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса

8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Кот-д'Азури шаҳри Нитса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва маросими муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.

Сарвари давлати мо ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия”

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ ва идомаи анъанаҳои неки муколамаи созанда миёни Осиёи Марказӣ ва Италия хоҳанд шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, тандурустӣ, кишоварзӣ ва илму маорифро муҳим шумориданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар робитаҳои кишварҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.

Роҳбари давлат оид ба имкониятҳои Тоҷикистон дар пешбурди робитаҳои гуногунсамт андешаронӣ намуда, барои истифодаи васеи иқтидорҳои мавҷуда андешидани чораҳои самарабахшро зарур донистанд.

Баҳрабардорӣ аз захираҳои фаровони Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати кор дониста шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои тиҷоратию сармоягузории Италия даъват намуданд, ки бо ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафта дар истихроҷ, коркард ва содироти маҳсулоти саноатию кишоварзии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Роҳбари давлати мо аз ҳамкории амалии Тоҷикистону Италия дар соҳаи саноати сабук ёдовар шуда, фаъолияти як қатор корхонаҳои нассоҷии кишвари моро бо сармоя ва технологияҳои ширкати италиявӣ намунаи возеҳи ин робитаҳо номиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки бо дарназардошти иқтидори кишварҳо ва талаботи бозор Хазинаи муштараки сармоягузории Осиёи Марказӣ бо Агентии содиротӣ - қарзии Италия (SACE) ва намояндагии тиҷоратии ширкатҳои пешқадами ин кишвар дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

Татбиқи лоиҳаҳои рушди коммуникатсияҳои нақлиётии минтақавӣ ва инфрасохтор аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои иштирокдори Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” даъват намуданд, ки дар пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба оқибатҳои он низ, ки яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба шумор меравад, ҳамкорӣ намоянд.

Изҳори бовар карда шуд, ки нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи басо муҳим ҷалб хоҳад кард.

“Мо аз ҳавасмандии Хазинаи иқлими Италия дар ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба рушд дар муқовимат бо тағирёбии иқлим истиқбол мекунем”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф Сарвари давлат ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Италияро ҷонибдорӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мо ба таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили мубодилаи академӣ ва гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ ҳавасманд мебошем.

Аз мубодилаи донишҷӯён бо донишгоҳҳои пешрафтаи Италия ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, бахусус “Эразмус Плюс” ва “Горизонт Аврупо” истиқбол карда шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба идомаи низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳон идомаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба таҳдиду хатарҳо, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, амри муҳим маънидод намуданд.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории зич бо Италия оид ба ҳама масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор доштанд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия

8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

 

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.

 

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба иштирок менамоянд.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ”

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест.

Таъкид гардид, ки оқибатҳои фоҷеабори тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамояд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми солонаи маблағгузории барномаҳои иқлимӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки он беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сурати пайомадҳои бузург ин рақам ба 1,5 миллиард доллар мерасад.

Изҳор карда шуд, ки дар чунин шароит танҳо саъю кӯшишҳои якҷояи кишварҳои минтақа ва дастгирии ҷомеаи чаҳонӣ барои бартарафсозии ин мушкилот ба мо кумак мерасонад.

Ба таъкиди Сарвари давлати мо давоми бист соли охир барномаҳои марбут ба обу иқлим пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона татбиқ мегардад ва зимнан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

“Қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи мустаҳкам гузошт”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуданд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии мо, инчунин, барои татбиқи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои “Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030” мусоидат намуданд.

Тавре таъкид карда шуд, байни энергетика ва тағйирёбии иқлим робитаи зич вуҷуд дорад ва рушди энергетикаи “сабз” метавонад қадами мусбат дар роҳи ҳифзи иқлим бошад.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо дар ҷаҳон аз барои истеҳсоли энергияи “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дошта, тибқи нақша то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия мегузарад.

Таъкид карда шуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.

Доир ба аҳамияти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим сухан гуфта, Сарвари давлат аз обшавии пиряхҳо, аз ҷумла комилан обшудани ҳудуди 1300 адад аз 14 ҳазор пиряхи ҳудуди Тоҷикистон дар панҷоҳ соли охир изҳори нигаронӣ намуданд.

Ба таъкиди Президенти кишвар ин ҳолат тамоюли хеле ташвишовар мебошад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд.

“Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд”, изҳор доштанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ёдовар шуданд, ки дар асоси ин қарор, моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад ва ин боз як нақши назарраси Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд.

Аз иштирокдорони ҳамоиш барои иштироки фаъолона дар кори Конфронси Душанбе ва дар маҷмуъ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо даъват намуда, Президенти кишвар изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе ва саъю кӯшиши якҷояи кишварҳое, ки дар кори он иштирок менамоянд, бешубҳа, барои баргузории муваффақонаи Конфронси СOP-30 дар Бразилия дар охири соли равон нақши назаррас мегузоранд.

Истифодаи технологияҳои муосири каммасраф ва муносибати эҳтиёткорона ба об чун манбаи муҳимтарини ҳаёт шарти асосии кам кардани талафоти он шуморида шуд. Дар ин зимн, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват карда шуд, ки ба масъалаи афзуннамоии маблағгузории чораҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кишварҳои осебпазир, бахусус, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, тадбирҳо биандешанд.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва аксгирии якҷояи роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ оғоз ёфт.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муттасили муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.

Таъкид гардид, ки Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо санади калидӣ гардида, ҳамкории байниминтақавиро танзим менамояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд, - “мо ҳадаф дорем, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратии ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшем”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкону захираҳои табиии кишвари мо, иқтидорҳои бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини аврупоӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад.

Иштироки Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ муҳим дониста шуд.

Таъкид гардид, ки масъалаи рушди энергетика бо назардошти афзудани талабот ба қувваи барқ торафт хусусияти муҳим касб мекунад ва аз ин рӯ, яке аз самтҳои ояндадор дар минтақаи мо ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи “сабз” мебошад.

“Барои Тоҷикистон бахши энергетика, яъне манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки ба он гидроэнергетика низ шомил аст, на танҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии миллӣ, балки барои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ низ муҳим аст”, изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз саҳми Иттиҳоди Аврупо дар бунёд ва навсозии иқтидори тавлиди энергияи “сабз” дар кишвари мо ёдовар шуда, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки муваффақи онро дар татбиқи тарҳҳои неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Себзор” ва “Қайроққум” таъкид намуданд.

Даъват ба амал бароварда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар заминаи дуҷониба ё дар доираи ташаббуси “Дарвозаҳои глобалӣ” дар бунёд ва таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ, ки намунаи иқтисод ва энергетикаи “сабз” мебошанд, саҳм гузорад.

Мусоидати Иттиҳоди Аврупо дар бунёди инфрасохтори интиқоли неруи барқ ба Осиёи Ҷанубӣ тавассути хати интиқоли КАСА-1000 баланд арзёбӣ гардид.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақшаҳои Тоҷикистон дар бораи то соли 2030 афзоиш додани иқтидори истеҳсоли қувваи барқ аз неруи Офтоб ва шамол то 10 фоизи тамоми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо дар асоси Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил медиҳем.

Аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, Президенти кишвар таъкид доштанд, ки дар охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ин мавзуъ дар назар аст. Дар ин зимн изҳор бовар карда шуд, ки шарикони аврупоӣ ва минтақавии Тоҷикистон дар кори конфронси дарпешистода фаъолона иштирок менамоянд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба омилҳои муҳими рушди устувори робитаҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла нақлиётию коммуникатсионӣ, андешаронӣ намуданд.

Густариши ҳамкорӣ барои рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба таъсиси ҷойҳои корӣ, омодасозии коргарони баландихтисос ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои кишварҳо номида шуд.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла кушодани филиалҳои донишгоҳҳои аврупоӣ дар кишвари мо ва зиёд кардани квотаҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Аврупо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки сайёҳӣ метавонад барои ба роҳ мондани робитаи мустақим байни мардумонамон ҳамчун занҷираи муҳим хизмат намояд.

Рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои минтақавӣ, аз қабили БОМКА ва КАДАП муҳим арзёбӣ гардид.

Чоп намудан E-mail

Footer