Вохӯрии кормандони мақомот бо масъулини МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»
Моҳи марти соли 2025 бо мақсади ҷалби ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» бо иштироки роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассиса вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ масъулини раёсат вобаста ба мавзуҳои рафъи омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои мубориза бо ин падидаи номатлуб, тадбирҳои пешгирии коррупсия байни кормандони соҳаи маориф, оқибатҳои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози андеша намуда, дар ин асно байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зимнан, дар фарҷоми вохӯрӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба муқовимати дастаҷамъона ва ҳамкории онҳо бо мақомоти Агентӣ ба донишҷӯён маводҳои тарғиботӣ, аз қабили буклетҳои зиддикоррупсионӣ, супорида шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ



