31 майи 2025 .
Олиҷанобон, муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Шуморо ба Тоҷикистон, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ мекунад, самимона хайрамақдам мегӯям.
Ин Конфронс қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.
Ҳамоиши имрӯза барои табодули афкор вобаста ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои об арсаи муколамаи судмандро фароҳам меоварад.
Иштирокдорони гиромӣ,
Обшавии босуръати пиряхҳо имрӯз ба як буҳрони глобалии замони мо табдил ёфта, дар тӯли даҳсолаҳои охир, онҳо бо суръати баланд коҳиш меёбанд. Ин раванди ташвишовар дар таърихи инсоният бесобиқа аст.
Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид.
Тағйирёбии иқлим, аллакай боиси нобуд шудани тақрибан сеяки пиряхҳои кӯҳӣ дар саросари ҷаҳон гардидааст.
Ин раванд танҳо мушкилоти экологӣ набуда, ба бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният алоқамандии зич дорад.
Пиряхҳо дар сайёраи мо, ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии оби нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо заминаро барои расидан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор муҳайё месозад.
Ҳамзамон бо ин, обшавии босуръати пиряхҳои қутбӣ сабаби обхезиҳо дар кишварҳо ва шаҳрҳои соҳилӣ шуда, миллионҳо одамонро аз манзилҳояшон маҳрум месозад.
Гузашта аз ин, раванди мазкур боиси кам шудани ҳудуди хушкии кишварҳо ва омили муҳоҷиршавии аҳолӣ мегардад.
Возеҳ аст, ки бе талошҳои фаврӣ ва фаъоли мутобиқсозӣ, ки ба ҳадафи якуним дараҷавии (1,5°C) Созишномаи Париж мувофиқат мекунад, ин тамоюл оқибатҳои фоҷеабор хоҳад дошт.
Пиряхҳо ва қабатҳои яхбандӣ дар гардиши уқёнусҳо нақши асосӣ доранд. Онҳо ҳамчун танзимгари иқлими муътадили табиӣ дар сайёраи мо амал мекунанд.
Тибқи арзёбии коршиносон, дар ҳолати зиёд гардидани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, мутаносибан ҳаҷми зарари иқтисодӣ низ ба давлатҳои осебпазир афзоиш меёбад.
Дар сурати то ду дараҷа (2°C) боло рафтани ҳарорати ҳаво, нобуд шудани сеяки дигари пиряхҳои ҷаҳон пешбинӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, ки иҷрои созишномаи Париж оид ба иқлим таъмин гардад ва тадбирҳои заруриро барои пешгирии афзоиши ҳарорати глобалӣ андешем.
Ҳозирини гиромӣ,
Обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор карда, ба амнияти озуқаворӣ таҳдид ва ба истеҳсоли нерӯи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад.
Ин раванд дар аксарияти ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд.
Бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фуромадани ярч гардида, ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонад.
Кишвари мо, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ҳамчунин, рӯ ба рӯйи офатҳои табиии вобаста ба об, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, ҳамоно осебпазир боқӣ мемонад.
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, имрӯз бо ин буҳрон дучор шудааст.
То кунун аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошанд, як ҳазору сесад адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст ва раванди обшавии босуръати пиряхҳои мо ҳамоно идома дорад.
Талафоти пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад.
Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,
Мехоҳам ба таври возеҳ қайд намоям, ки ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилоти кишварҳои дорои пиряхҳо нест, балки як буҳрони глобалии қобили таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Феълан дар кишвари мо ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо сохторҳои зарурӣ фаъолият доранд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки имкониятҳои фаннию техникии мо мисли даҳҳо кишварҳои дигари дорои пиряхҳо маҳдуданд.
Ба мақсади мониторинги фарогири пиряхҳо, инчунин, барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи пиряхҳо мо бояд ҳамкориҳои муассирро бо ҳама шарикон густариш диҳем.
Дар ин замина, ҳамчунин, навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникӣ зарур мебошанд.
Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд.
Зимнан, ҳолати кунунии ин пиряхҳо таҳқиқоти илмии дақиқро талаб мекунад.
Қобили зикр аст, ки омӯзиши намунаи ях аз пиряхи Ванҷях (машҳур бо номи Федченко), дар ҷаҳон яке аз пиряхҳои калонтарини воқеъ дар хушкӣ, бо дарозии 77 километр ва ғафсии то як километр, метавонад барои инсоният таърихи ҳазорсолаҳои иқлимро ошкор намояд.
Бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмиву-таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Мо аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034” саҳми муносиби худро гузоранд.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар баробари сабабҳои асосӣ, мисли тағйирёбии глобалии иқлим ва олудашавии ҳаво, ки ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонанд, инчунин, хокборишҳои шадид дар тӯли чанд даҳсолаи ахир ба ин раванд дар минтақаи мо суръат мебахшанд.
Яке аз мушкилоти дигари ба пиряхҳо хос дар кишвари баландкӯҳи мо хатари кандашавии кӯлҳои пиряхӣ мебошад, ки дар натиҷаи он минтақаҳои аҳолинишин ва инфрасохтори онҳо хароб шуда, дар баъзе мавридҳо ҳатто талафоти ҷониро ба бор меорад. Дар баробари ин, баъзе аз пиряхҳои Тоҷикистон хусусияти лағжиданро доранд, ки сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти ҷиддӣ мешавад.
Бо дарназардошти он, ки пиряхҳои Тоҷикистон дар баландии аз сеюним ҳазор метр то ҳафтуним ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва дар минтақаҳои душворгузари кӯҳистон ҷойгир шудаанд, роҳандозии ҳар гуна барномаҳо барои ҳифзи онҳо ба мушкилиҳои зиёд дучор мегардад.
Бинобар ин, мо пешниҳод менамоем, ки шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкилот бо мо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд.
Аксарияти пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Ванҷях (Федченко) дар қаторкӯҳҳои Помир ҷойгиранд.
Онҳо ҷузъи Боғи миллии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд ва ба номгӯи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд.
Вобаста ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ҳифзи гуногунии табиии ин боғи нодир барномаи махсусро роҳандозӣ намояд.
Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,
Тоҷикистон тайи бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин, зарурати вокуниши фаврию муштаракро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад.
Бо дарназардошти аҳаммияти масъалаи мазкур, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст.
Зимнан, давлатҳо ва созмонҳои байлналмилалию минтақавиро зарур аст, ки ба мақсади таъмини фаъолияти босамари ин Бунёд, ҳарчи бештар саҳми молиявии худро гузоранд.
Илова бар ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милал қатънома оид ба эълон кардани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” якдилона қабул гардид.
Бовар дорам, ки ҷонибдорӣ аз қатъномаи мазкур ба пешбурди мавзуи обу иқлим, махсусан татбиқи босамари ҳадафҳои пешбинишуда саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ҳозирини гиромӣ,
Бо дарназардошти аҳаммияти ин гуфтаҳо, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои таъхирнопазири қатъӣ андешад.
Дар ин радиф, Тоҷикистон амалҳои фаврии зеринро ҷиҳати коҳиш додани раванди обшавии пиряхҳо пешниҳод менамояд:
Якум. Баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои рушди устувор;
Дуюм. Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он;
Сеюм. Ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ ба мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба низомҳои экологӣ (экосистемаҳо), захираҳои об, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим.
Ҷиҳати ҳалли ин масъала пешниҳод мегардад, ки кишварҳои дорои имконияти ҷамъоварии маълумоти дақиқ оид ба ҳолати пиряхҳо, бахусус, тавассути зарфиятҳои маҳвораӣ, табодули доимии иттилоотро бо кишварҳои дорои имкониятҳои маҳдуд дар ин ҷода роҳандозӣ намоянд;
Чорум. Татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ.
Бахусус, барои ҳифзи наботот ва ҳайвоноте, ки дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо аз шароити маъмулии зисти худ маҳрум мегарданд, бояд чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Панҷум. Аксарияти чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда бо тадбирҳои марбут ба ҳалли мушкилиҳои тағйирёбии иқлим ҳамоҳанг ва наздик мебошанд.
Бинобар ин, зарурати мусоидат ба кишварҳо дар татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла дар минтақаҳои осебпазир тавассути равишҳои ҳамгироӣ, аз қабили низомҳои огоҳсозии пешакӣ ва коҳиши хатари офатҳо ба миён меояд.
Шашум. Истифодаи самаранок ва ҷалби захираҳои молӣ ва фаннӣ барои татбиқи амалии ташаббусҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва саҳмгузорӣ ба Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Ҳафтум. Таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои амал дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба хотири наслҳои оянда.
Инчунин, пешниҳод менамоям, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад.
Барои татбиқи минбаъдаи он бояд таҷрибаи дигар механизмҳои мавҷуда, ба мисли конвенсияҳо оид ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва монанди онҳо роҳандозӣ гардад.
Тоҷикистон ин ташаббусро дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид матраҳ хоҳад кард ва аз ҳамаи кишварҳо даъват ба амал меоварад, ки аз ин иқдом пуштибонӣ кунанд.
Меҳмонони олиқадр,
Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои Конфронси имрӯза, аз ҷумла Эъломияи Конфронси Душанбе ва муроҷиати иштирокдорони Конфронс ҳамчун даъват ба иқдомҳои амалгароёнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои саҳмгузорӣ дар равандҳои муҳимми глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, натиҷаҳои нишасти имрӯза ба ташаккули Раванди нави Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо замина мегузоранд.
Мақсади асосии мо ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим тавассути талошҳои муассири муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати наслҳои имрӯзу фардо мебошад
Ҳар зарраи талафшудаи пиряхҳо боиси афзоиши хатарҳо барои ояндаи инсоният мегардад.
Бинобар ин, биёед ҳар лаҳзаро ғанимат дониста, ҷиҳати ҳифзи ганҷи бебаҳои табиат – пиряхҳо, барои таъмини ояндаи дурахшони инсоният саҳмгузор бошем!
Умед дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи саривақтии ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба обу иқлим, бахусус ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи босамару оқилонаи об беш аз пеш талош хоҳад кард.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Чоп намудан
E-mail
07 марти 2025 .
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон!
Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегардад.
Дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басо неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат мебошад.
Зан – модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро худ ба дунё овардааст.
Тамоми модарону бонувони арҷманд, хоҳарону духтарони азизи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар самимона ва сидқан табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар яки шумо ва мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Ҳамчунин, иброз медорам, ки бо шукӯҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашн нишонаи эътибору эҳтироми хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону бонувони азиз мебошад.
Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор ганҷина аст.
Ба ин маънӣ, модарону бонувон хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми меҳру муҳаббат ва умри азизи худро дар роҳи тарбияи фарзандони солиму солеҳ, босаводу соҳибмаърифат, хушахлоқу боадаб, ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо ва сариштаи рӯзгор сарф месозанд.
Орзуи ҳар зан дар зиндагӣ ҳамин аст, ки фарзанд ба дунё овардану модар шудан насибаш гардад.
Яъне модар мавҷудест, ки офаранда аст, фарзанд меофарад, барои тифли навзоди худ, ки ҳанӯз як мавҷуди нотавон аст, 18 – 19 сол заҳмат кашида, ӯро ба як инсони неруманду тавоно табдил медиҳад ва то зинда аст, ҳозир аст, ки ҳастии хешро фидои фарзандаш созад.
Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки модарро «фариштаи меҳр», «олиҳаи покӣ» ва «мавҷуди муқаддас» меноманд.
Яке аз шахсиятҳои барҷастаи илми ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн гуфтааст, ки танҳо муҳаббати модар ба фарзандаш муҳаббати ҳақиқӣ ва беғараз мебошад.
Ҳамин аст, ки бузургони гузашта ҷойгоҳи маънавии биҳиштро дар зери қадамҳои модарон донистаанд, яъне эҳтироми модар ва хизмат ба ӯ роҳ ба сӯи хушбахтӣ ва биҳишт аст.
Аз Расули акрам ҳадис аст, ки ҷавоне назди ӯ меояд ва иброз медорад, ки гуноҳе кардааст ва чӣ бояд кунад, ки гуноҳаш бахшида шавад.
Паёмбар ба ӯ мегӯяд: Модар дорӣ? Мегӯяд, на! Хоҳар дорӣ? Мегӯяд, надорам.
Мегӯяд: Пас, бирав назди зани ҳамсоя, агар ӯ туро бубахшад, пас Худованд низ хоҳад бахшид.
Тавре аз ин ҳадиси Расули Худо мебинем, қадру манзалати зан – модар дар дини мубини исломҷойгоҳи басо баланду муътабар дорад.
Чунки тамоми нобиғаҳову бузургони илму ирфон, сиёсатмадорону арбобони давлатӣ ва шахсиятҳои барҷастаи таърихи башар, аз ҷумла Пайғамбари ислом – Ҳазрати Муҳаммад ва пайравони ӯро модар ба дунё овардаву ба камол расонидааст.
Нақши зан – модари тоҷик дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибкасб, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд мебошад.
Ман нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ менамоям.
Зеро онҳо аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳоидавлати тозаистиқлоли тоҷикон кумак ва саъю талошҳои зиёд карданд.
Занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд.
Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад.
Зан – модар ин саҳмро бевосита худаш дар замони зиндагӣ ва кору фаъолияташ ва баъдан ба воситаи фарзандонаш, ки онҳоро ҳамчун насли босаводу донишманд ва соҳиби касбу ҳунар ба камол расонидааст, мегузорад.
Бо дарназардошти нақши офарандаву созандаи занону модарон ва бонувону духтарони гиромӣ давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳоро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон намуд.
Ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, хуб медонед, ки масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳо дар мулоқоту вохӯриҳо, паёмҳо ва дигар суханрониҳои Роҳбари давлат ҳамеша таъкид карда мешаванд.
Фаъолияти пурсамари занону бонувон ба ҳайси аъзои Ҳукумат, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои назди Президент ва Ҳукумати мамлакат, хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорони муваффақ равшан гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти дастгирии занон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Чанд рӯз пеш дар кишвар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, яъне мақоми олии қонунгузори мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар фазои орому осуда баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ модарону занон ва бонувону духтарони азиз фаъолона иштирок карданд, ки ба ҳамаи онҳосипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Қобили зикр аст, ки 18 нафар занону бонувон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд ва боиси ифтихор мебошад.
Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти саҳми муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлату ҷомеа, масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.
Мо ба масъалаи мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон таваҷҷуҳи хосса медиҳем ва ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷибашон шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё менамоем.
Аз ҷумла тибқи вазифаҳои дар паёмҳои Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар чор соли охир чор санади муҳим қабул карда шуд, ки ҳоло амалӣ гардида истодааст.
Ҳадафи асосии санадҳои зикршуда фароҳам овардани шароиту имкониятҳои зарурӣ барои истифодаи пурраи қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, мусоидат ба пойдории оила ва ба ин васила таъмин намудани рушди устувори ҷомеа мебошад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, яъне аз ҳисоби занону духтарони болаёқат то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Имрӯз бо ифтихору қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занони тоҷик дар баробари сиёсатмадор, вакил, омӯзгору табиб, муҳандису энергетик ва варзишгар буданашон, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва хизматчии ҳарбиву корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шинохта шудаанд.
Танҳо дар солҳои 2020 – 2024 дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат 121 нафар бонувону занони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд.
Бо вуҷуди ин, ба Агентии хизмати давлатии назди Президент, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориш дода мешавад, ки ҷиҳатибоз ҳам бештар бавазифаҳои роҳбарикунанда омода ва пешбарӣкардани бонувону духтарони боистеъдоду соҳибкасб чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар паёми навбатии худ изҳор намудам, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик, яъне ин неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Занону духтарон нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва дар ҳақиқат қувваи бузурги эъмори ҷомеаи озоду пешрафта дар мамлакат мебошанд.
Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.
Солҳое, ки ман дар мактаби миёна мехондам, ҳамагӣ 3 – 4 бонуи омӯзгор дар мактаби мо кор мекард.
Ё баъдтар дар хоҷагӣ кор кардам, вазъият аз ин ҳам бадтар буд.
Дар ҳамон давра занони маълумоти олидор дар баъзе минтақаҳо умуман набуданд ё ангуштшумор, яъне бениҳоят кам буданд.
Ҳоло дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти умумӣ беш аз 80 фоизи омӯзгорон бонувон мебошанд.
Хатмкунандагони мактабҳое, ки аксари омӯзгорон дар онҳо бонувон мебошанд, қариб 100 фоиз ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он дохил мешаванд.
Имрӯз ҳазорон нафар занону бонувони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
Шумораи умумии кормандони низоми бонкии кишвар ҳоло 21 ҳазор нафар мебошад, ки 8,5 ҳазор нафар ё 41 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Аз 362 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ 110 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 18 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Аз 180 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 53 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо яке аз василаҳои баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад ва мо ба ин масъала эътибори доимӣ ва ҷиддӣ медиҳем.
Тайи даҳ соли охир, яъне солҳои 2015 – 2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.
Илова бар ин, дар ин давра барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шудаанд.
Ҷиҳати ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкориву ҳунармандии занону бонувон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ супориш медиҳам, ки аз соли 2025, ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда, ба 15 миллион сомонӣ расонида шавад.
Таҳлили лоиҳаҳои аз ҷониби занону бонувони тоҷик амалигардида нишон медиҳад, ки онҳо дар самти таъсиси коргоҳҳои хурд, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ малакаи баланд ва таҷрибаи зиёд доранд.
Ҳамчунин, ҳиссаи занону бонувони соҳибкор дар бунёд кардану ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ торафт назаррас гардида истодааст.
Яъне имрӯз соҳае нест, ки занону бонувон дар он фаъолият надошта бошанд.
Онҳо вазнинтарин корҳоро ба дӯш мегиранд ва ҳатто дар бунёди иншооти тақдирсози аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳоло беш аз ҳазор нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.
Дар робита ба ин, суханҳои яке аз сиёсатмадорони таъсиргузори дунё Маҳатма Ганди ба хотир мерасанд, ки гуфтааст: «Ҷойгоҳи зан танҳо дар хона нест.
Вай метавонад ҷаҳонро тағйир диҳад».
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ва ҷалби ҳарчи бештари бонувону духтарон ба ин самтҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар даҳҳо ҳазор нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Такроран иброз медорам, ки имрӯзҳо дар 42 давлати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони боистеъдоди мо таҳсил мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафар ё 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989, яъне дар 70 соли низоми гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.
Яъне шумораи духтарону бонувони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст.
Ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва 13 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.
Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ба афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд.
Аз оғози таъсиси квотаи президентӣ зиёда аз 14 ҳазор нафар духтарони боистеъдоди мо, бахусус, аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо истифода аз ин имконият хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун ба нафъи давлату ҷомеа фаъолият доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 680 ҳазор нафар духтарону бонувон ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.
Тавре шумо медонед, мо ҳар сол дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ барои соҳиб шудан ба стипендияи Президенти мамлакат озмун доир мекунем, ки духтарон барандаи қисми зиёди он мешаванд.
Масалан, натиҷаи озмун барои соли таҳсили 2024 – 2025 нишон дод, ки аз 3000 нафаре, ки барандаи стипендияи президентӣ шуданд, 1860 нафар ё 62 фоизро духтароне, ки танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил мекунанд, ташкил додаанд.
Илова бар ин, барои дастгирӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯдухтарон стипендияи президентӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, дигар мақомоти марказӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд.
Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби занон 11 академик, 84 профессор, 131 доктори илм, 1000 номзади илм ва 608 дотсент фаъолият дорад.
Дар Академияи миллии илмҳо 743 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар академик, 3 нафар узви вобаста, 33 нафар доктори илм, 109 нафар номзади илм, 104 нафар доктор аз рӯйи ихтисос ва 294 нафар магистр мебошанд.
Дар панҷ соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, аз ҷумла 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори шоҳҷоиза ва медали тилло, 10 нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар сазовори медали биринҷӣ гардидаанд.
Имрӯз занону бонувон – кормандони Академияи миллии илмҳо дар соҳаҳои физикаи ядро, математикаи назариявӣ ва амалӣ, химия, аз ҷумла химияи ядро, биология ва зоология, инчунин, илмҳои гуманитариву ҷомеашиносӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Иштироки фаъолонаи бонувону духтарон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» қобили таҳсин мебошад.
Як нуктаи бисёр муҳимро дар ин самт мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар байни наврасону ҷавонони мо, хусусан, духтарон, ки муносибати ҷиддии модарону бонувони моро дар масъалаи китобхонии фарзандон нишон медиҳад, истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд ба онҳо ғамхорӣ кунем, кумак расонем ва ҳамаҷониба ҳавасманд гардонем.
Хотирнишон менамоям, ки бо супориши Роҳбари давлат аз соли ҷорӣ сар карда, маблағи ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд карда шуд.
Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки солҳои гузашта 12 миллиону 440 ҳазор сомониро ташкил мекард, дар соли 2025-ум 23 миллиону 570 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Маблағи ҳавасмандгардонӣ барои соҳибони шоҳҷоизаи «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки 50 ҳазор сомониро ташкил медод, ба 100 ҳазор сомонӣ, шоҳҷоизаи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз 50 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ ва шоҳҷоизаҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҳар як нафар аз 70 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ баробар карда шуд.
Умедворам, ки дар озмунҳои навбатӣ саҳм ва иштироки бонувону духтарони азизи мо боз ҳам назаррас мегардад ва модарон истеъдодҳои наврасу ҷавон, яъне фарзандони худро дар руҳияи омӯзиши илму дониш ва хештаншиносӣ тарбия карда, барои пешрафти ояндаи илму фарҳанги тоҷик нақши арзишманд мегузоранд.
Ёдовар бояд шуд, ки калонсолон, бахусус, падару модарон низ бояд пайваста китоб хонанд, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонанд, донишу ҷаҳонбинии хешро барои тарбияи дурусти фарзандон истифода баранд ва бо ҳамин роҳ дар соҳибмаърифат гардидани фарзандон саҳм гузоранд.
Зеро шумо хуб медонед, ки намунаи шахсии падару модар дар ташаккули шахсияти кӯдакону наврасон нақши назаррас дорад.
Имрӯз аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар рӯзи ҷашни модарону бонувон ба шумо тақдим гардид.
Тақдим кардани ин шоҳасари ҷовидонӣ ба шумо бесабаб нест.
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллат ҳазорон нафар родмардон, нобиғаҳову шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва қаҳрамонону паҳлавононро ба дунё овардаву ба камол расонидааст.
Дар адабиёти ғановатманди мо байти машҳуре ҳаст, ки мегӯяд:
Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад, Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ҳозирини арҷманд!
Таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки дохилшавии духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сол ба сол афзуда истодааст.
Агар соли 2018 ин нишондиҳанда 36 фоизро ташкил дода бошад, соли 2023 ба 47 фоиз расидааст.
Ин нишондиҳандаҳо хубанд, вале зарур аст, ки барои боз ҳам бештар ба таҳсилу касбомӯзӣ ҷалб намудани духтарон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Аз ҷумла Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки лар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба зинаи магистратура ба таври ройгон қабул намудани духтарон чораҷӯйӣ намояд.
Илова бар ин, ба духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ ва дипломи «аъло» хатм мекунанд, имконият дода шавад, ки таҳсили худро дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос идома диҳанд.
Мо вазифадорем, ки барои соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардидани фарзандонамон ва махсусан духтарон тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии мустақилонаи худ азият накашанд ва муҳтоҷи дигарон нашаванд.
Фаромӯш набояд кард, ки дар замони пешрафти инқилобии илму техника ва технологияҳо, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ» танҳо давлатҳое метавонанд рушд кунанд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому нуфузи баланд гарданд, ки миллати босаводу таҳсилкарда, донишманду ҳунарманд дошта, аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ пешрафта бошанд.
Яъне мо барои ҳамқадами замонаи пешрафт шуданбояд наслҳои босаводу донишманд, соҳибмаърифату забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъро тарбия карда, ба камол расонем.
Дар асри нав, ки замони саводу дониш, илму техника ва технологияҳо мебошад, дигар бо ривоятсозиву афсонабофӣ мардумро фиреб додану пешрафти давлат ва ҷомеаро таъмин кардан имкон надорад.
Мо ҳар сол дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, инчунин, дар муассисаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоби миёна 130 ҳазор нафар сокинони кишвар, аз ҷумла беш аз 60 ҳазор нафар бонувону духтаронро соҳибкасб менамоем, кидар шароити имрӯза қонеъкунанда нест.
Зарур аст, ки дар самти ҷалби боз ҳам бештари сокинон ва махсусан, бонувону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Вобаста ба ин, бори дигар иброз медорам, ки мо барои илму донишомӯзии духтарону бонувон дар оянда низ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем ва фаромӯш намекунем, ки тибқи ҳадиси Пайғамбари ислом «талаби илм бар ҳар марду зани мусулмон фарз аст».
Танҳо омӯхтани илму дониш ба инсон имконият медиҳад, ки гирифтори хурофоту ҷаҳолат нагардад.
Шахсе, ки соҳибмаърифат аст, илму дониш, касбу ҳунар дорад ва забонҳои хориҷиро медонад, ҳаргиз хор намешавад ва ба кадом гӯшаи дунё наравад, ризқу рӯзии худро меёбад.
Зеро дониш ва ҳунар сарҳад надорад.
Ҳозирини гиромӣ!
Масъалаи солимии занону модарон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала то имрӯз даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла стратегияву барномаҳои соҳаи тандурустӣ ва нақшаҳои миллӣ қабул гардидаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи солимии занон ва модарону кӯдакон мебошад.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарки аҳаммияти ниҳоди оила дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафти давлат, инчунин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ принсипи ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ташаккули ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила эътибори конститутсионӣ касб намуд ва ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эътироф гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон фанни «Маърифати оиладорӣ» ҳамчун дарси асосии таълимӣ ва фанни «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» ба сифати дарси иловагии тарбиявӣ ба барномаҳои таълим ворид карда шуд.
Дар раванди амалисозии тадбирҳои зикргардида зарур аст, ки ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи арзишҳои анъанавии оилаи тоҷик ва устувории он, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни онҳо, инчунин, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бояд эътибори ҷиддӣ ва доимӣ дода шавад.
Масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои занон дар замони муосир як самти муҳимми фаъолияти давлати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.
Илова ба тадбирҳои зиёди дар ин самт амалигардида, тавассути қонунгузории оила муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ҷорӣ карда шуд, ки ба ташаккули оилаи солим, пойдориву хушбахтии оилаҳо ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемориҳои сирояткунанда мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳи хешовандони наздик бастани ақди никоҳ байни хешовандон ва шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ карда шуд.
Бовар дорам, ки модарону занони арҷманди мо дар самти риояи муқаррароти зикргардидаи қонун пешсаф ва ташаббускор хоҳанд буд.
Зеро ба хушбахтии фарзандон ва пойдории оилаҳои ҷавон модарон аз ҳама бештар манфиатдору масъул мебошанд.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар масъалаи пойдории оила, пеш аз ҳама, падару модарон масъулият доранд.
Шумо – бонувону хоҳарони гиромӣ, хуб медонед, ки ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандон – ҳам писарону ҳам духтаронро доим хотирнишон менамоям.
Фарзанд ба зиндагии мустақилона бояд аз ҳар лиҳоз омода бошад ва қадри заҳмати падару модари худро донад.
Ҳозирини гиромӣ!
Модарону бонувони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимод буданд ва ҳастанд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз занону бонувонро неруи бузурги амалисозандаи ҳадафу нақшаҳои худ дар ҷодаи пешрафту ободии Ватан мешуморад.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки модарону бонувони муҳтарами мо минбаъд низ дар таълиму тарбияи фарзандони хушахлоқу соҳибмаърифат, татбиқи талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Дар ин раванд, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла дар масъалаи сару либос ва расму ойинҳои барои мардуми мо бегона, саъю талоши боз ҳам бештар ба хотири таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми бонувону занони гиромии мо мебошанд.
Мо бояд аз истиқлолу озодие, ки дорем, ношукрӣ накунем.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба истиқлолу озодӣ, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои мардумони кишварҳои дунё таҳдиди воқеӣ эҷод карда истодаанд.
Давлатҳо аз байн рафта, сокинони баъзе минтақаҳои оламро аз ватани таърихии онҳо берун карда истодаанд.
Ин масъала бисёр ҷиддӣ аст ва онро набояд нодида гирифт.
Шумо – модарону бонувони азиз ва духтарону хоҳарони меҳрубон, хуб мушоҳида мекунед, ки дар натиҷаи ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани баъзе ҷавонони ноогоҳ чӣ қадар оилаҳо парешон, занону фарзандон овораву саргардон ва падару модарони онҳо дар назди ҷомеа сархам гардидаанд.
Онҳо бо амалҳои нангини худ, ҳамчунин, ба шаъну эътибори миллати тоҷик ва давлати тоҷикон иснод оварданд.
Шумо метавонед дар амри пешгирӣ кардани чунин раванди номатлуб ва нанговар саҳми арзишманди модаронаи худро гузоред.
Либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳамаи давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб меёфтанд, тарк накунед.
Бахусус, дар фасли баҳор, аз ҳамин рӯзҳо сар карда, хурду бузург либоси миллӣ ба бар кунед ва ифтихор дошта бошед, ки атласу адрас ва чакани тоҷикии мо ҷаҳонӣ шудааст.
Мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хизматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем.
Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин мехонем ва бовар дорем, ки онҳо дар оянда дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.
Шумо минбаъд низ ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифз кардану ба духтарони худ омӯзонидани тарзи омода кардани таомҳои миллӣ бояд фаъол бошед ва дар ёд дошта бошед, ки қадбонугӣ низ ҳунар аст.
Фарзандони азиз – наврасону ҷавонон
ва ҷавонмардон!
Шумо бояд ба қадри азамату бузургии падару модар, ки офаридгори мо дар ин дунё ва сабаби ҳастии мо мебошанд, бештар расед, онҳоро дӯст дореду эҳтиром кунед, хизматашонро ба ҷо овареду дуои некашонро гиред ва ҳамеша дар орзуи он бошед, ки падару модарон соябони сари мову шумо бошанд.
Мардуми мо беҳуда намегӯянд, ки падару модар дорӣ, давлату савлат дорӣ.
Дар ин бобат боз як ҳадиси Расули Худоро хотиррасон месозам: «Мард вақте ба зан ва модари худ бо меҳрубонӣ нигоҳ мекунад, Худованд барои ӯ савоби ҳаҷро менависад».
Шумо – модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону духтарони азиз, кӯшиш намоед, ки неъмати бебаҳои зиндагии мардуми Тоҷикистон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифз карда, наслҳои наврасро дар ҳамин руҳия ба камол расонед.
Дар зеҳну шуури фарзандон ҳисси баланди миллӣ ва инсондӯстиро ҷой намоед, дар қалби онҳо шуълаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқату муҳаббатро нисбат ба Ватан – Модар фурӯзон созед, то наврасону ҷавонони имрӯза номбардорони ояндаи ин Ватани маҳбуб ва хоки муқаддаси ниёгони хеш бошанд.
Дар фарҳанги чандинҳазорсолаи мо мафҳумҳои «ватан» ва «модар» бо ҳамдигар тавъаманд, ҳамсангу ҳаммаънои якдигаранд ва арзиши баробару баланд доранд.
Аз ин рӯ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон маънои тарбия кардани онҳо дар руҳияи эҳтиром ба модарро дорад.
Тозаву озода нигоҳ доштани Ватан ва обод намудану эҳтиёт кардани он баробар ба эҳтирому эҳтиёт кардани модар аст.
Зеро бузургиву шаҳомат ва меҳрубониву муҳаббати модар нури тобанда ва ахтари равшанибахши ҳаёти инсоният мебошад.
Шумо – модарону бонувони азиз, дар хотир дошта бошед, ки мо – ҷавонмардон, яъне фарзандонатон шуморо сидқан дӯст медорем, гиромӣ медорем ва дар ҳаққи шумо ғамхорӣ карданро қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷонӣ ва рисолати ҷавонмардии худ мешуморем.
Бо истифода аз фурсат, тамоми ҳамватанони азиз ва пеш аз ҳама, ҷавонону мардон ва фарзандонро даъват менамоям, ки модарони худро баробари ҷонатон дӯст доред, нисбат ба онҳо дар вақти зиндагиашон меҳрубону ғамхор бошед, иззату ҳурматашонро ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ба ҷо оваред, ҳаргиз озорашон нарасонед, нигоҳи пур аз меҳру шафқат ва дасти кумаку ғамхориро аз онҳо дареғ надоред.
Фаромӯш накунед, ки мо агар тамоми умр бамодари худ хизмат кунем, ранҷи бедорхобии якшабаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.
Ҳамчунин, дар ёд дошта бошед, ки модар на фақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша ба меҳрубониву ғамхорӣ эҳтиёҷ ва ҳақ дорад, чунки модар барои инсон ҳар рӯз ва ҳамеша модар аст.
Мо ҳурмату эҳтироми шири сафеди модар, ранҷу бедорхобиҳо ва навозишу меҳрубониҳои ӯро ҳамеша пос медорем ва заҳматеро, ки барои ба камол расонидани мо кашидааст, ҳаргиз фаромӯш намекунем.
Бори дигар кулли модарону бонувон ва духтарониазизи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромироба муносибати ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат, яъне Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, дар хонадонатон меҳру муҳаббат, хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Рӯзи модар муборак бошад, модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азиз!
Чоп намудан
E-mail
26 феврали 2025 .
Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Фардо ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд, 32 сол пур мешавад.
Ҳамаи шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба муносибати ин санаи таърихӣ – ҷашни фарзандони далеру шуҷои Ватан самимона табрик мегӯям.
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии мамлакат, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу Ватан таъмин карда истодаанд.
Дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва вазифаи пуршараф ба ҳисоб меравад.
Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ҳамчун миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободкору созанда шинохта шудаанд.
Вале дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати мо фарзандони далеру фидокори он, аз қабили Муқаннаъ, Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва ҳазорон нафари дигар барои ҳимояи сарзамини муқаддаси аҷдодӣ қаҳрамониву ҷоннисориҳо кардаанд ва ба наслҳои имрӯза аз худ намунаи ибрати ҷовидонӣ боқӣ гузоштаанд.
Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани истиқлоли давлатӣ ва ташкили давлати соҳибихтиёри тоҷикон масъалаи таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди Ҳукумати мамлакат ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа қарор дошт.
Вале мушкилоти сахту сангини ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ, хусусан, мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иҷрои ин вазифа имконият надоданд.
Танҳо баъди иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ ва интихоб гардидани роҳбарияти нави сиёсии кишвар барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ ва гузоштани заминаҳои ҳуқуқии ба эътидол овардани вазъият нахустин иқдомот сурат гирифтанд.
Аз ҷумла 18-уми декабри соли 1992 бо имзои Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили аввалин сохторҳои Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз гардид ва Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии мамлакат фаъолияти худро аз сифр оғоз карданд.
Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, инчунин, набудани афсарону мутахассисони касбӣ, мо ба ташкили ҷузъу томҳо, қисму воҳидҳои алоҳида ва бо техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин кардани онҳо шурӯъ намудем.
Борҳо гуфтаам ва ҳоло такроран хотирнишон месозам, ки дар кишвари тозаистиқлоли мо дар он рӯзҳо барои таъсис додани артиши касбӣ одитарин заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.
Сарфи назар аз ҳамаи ин норасоиву мушкилот, 23-юми феврали соли 1993, яъне 32 сол қабл аз ин аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи навтаъсиси мамлакат бо ифтихор аз он гузаштанд.
Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро воқеан ба миён оварда буд, қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карданд.
Ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву матонати онҳо ҳимояи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии мамлакат, ба эътидол овардани вазъият, барқарорсозии сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи экстремистиву террористӣ таъмин гардид ва барои заҳмати созандаи мардуми кишвар шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Мо имрӯз ифтихор дорем, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст.
Ва қодир аст, ки якҷо бо дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намояд.
Вазъи бисёр ноорому бесуботи ҳарбиву сиёсӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, аз ҷумла шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани дунё, мусаллаҳшавии бошитоб ва «ҷанги сард» аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимӣ, сатҳи баланди маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.
Инчунин, вусъати бесобиқа пайдо кардани фаъолияти ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифа ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро беш аз пеш муҳимму мубрам мегардонад.
Дар чунин шароит риояи бечунучарои талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот ва таъмин намудани волоияти қонун дар тамоми ҷузъу томҳои низомӣ шарти асосии нерумандӣ ва муваффақияти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
Ҳамчунин, роҳбарият ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои ҳайати шахсӣ эътибори бештар диҳанд.
Дар ин раванд, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ», инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Хотирнишон менамоям, ки дар шароити буҳронии ҷаҳони имрӯза ва торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдидҳо ба амнияти ҷомеа ва давлат боз ҳам таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо мебошад.
Ҳукумати мамлакат бо ин мақсад аз тамоми захираву имкониятҳо истифода мекунад.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд, ба савганди худ содиқ бошанд, Ватани хешро сидқан дӯст доранд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо гузошташуда, яъне ҳимояи Ватан, миллат ва давлат масъулият ва рисолати муқаддас мебошад.
Мардуми Тоҷикистон дар симои ҳар яки шумо – хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳофизони боэътимоди истиқлолу озодии Ватан, марзу буми сарзамини аҷдодӣ, сулҳу суботи мамлакат ва ҳомиёни ҳуқуқу манфиатҳои худро мебинанд.
Эътимоду умеди мардуми кишвар ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодабошии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.
Ман ба ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, иродаи мустаҳкам, ғайрату ҷасорат ва садоқати ҳар яки шумо ба давлат ва халқи Тоҷикистон эътимоди комил дорам.
Бори дигар, тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамаи шумо – фарзандони содиқи Ватанро, ки дар ин майдон саф оростаед, ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, рӯҳи матин ва иродаи қавӣ орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
Чоп намудан
E-mail
17 январи 2025 .
Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон,
Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям.
Мусаллам аст, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд.
Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли гузаштаи мелодӣ дар муқоиса бо соли 2023 аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад.
Музокироту сӯҳбатҳои имрӯзаи мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз раванди идомадори муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду кишвар изҳори ризоият менамояд.
Дар баробари ин, мо алоқамандии худро ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем.
Татбиқи тарҳҳои Неругоҳи “Сангтуда-2”, нақби “Истиқлол” ва чанде аз лоиҳаҳои дигари хурду миёна аз дастовардҳои муҳимми ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Эрон ҳастанд.
Ин дастовардҳо, бешубҳа, ба таҳкими дӯстӣ ва рафоқат миёни ду кишвар ва ду миллат мусоидат мекунанд.
Итминон дорем, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.
Дар пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи мо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, дигар абзорҳои муштараки ҳамкорӣ, бахусус Шӯрои соҳибкорон ва Кумитаи муштараки сармоягузорӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Рӯзи гузашта дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар доир гардид.
Дар чорчӯби ин ҳамоиш ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як гувоҳи мавҷудияти имкониятҳои фарох барои ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои мо мебошад.
Дӯстони гиромӣ!
Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об бо имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст.
Ҳамзамон, дар ин санад ба масъалаи ширкати фаъоли бахши хусусӣ дар раванди ҷалби сармояи хориҷӣ аҳаммияти хосса дода шудааст.
Ба андешаи мо, яке аз ангезаҳои муҳими сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин имкони пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ мутобиқ ба тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди “сабз” мебошад.
Вобаста ба ин зарфиятҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли энергияи “сабз” ба шумор мераванд, имконоти фаровонро пешниҳод мекунад.
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд.
Имрӯз ҳамагӣ панҷ дарсади ин зарфият мавриди истифода қарор гирифтааст ва 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад.
Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.
Тоҷикистон нақша дорад, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли энергияро, тибқи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳитзистӣ, то ду баробар афзоиш диҳад.
Итминон дорем, ки иқтидори бузурги энергияи “сабз”-и Тоҷикистон дар оянда метавонад на танҳо ба нафъи мо, балки дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон истифода шавад.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,
Мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) интихоб намудем.
Кишварҳои ҳавасманд метавонанд дар бахшҳои гуногуни саноат ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Дар ин радиф, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ ва бофандагӣ, кимиё ва дорусозӣ, инчунин, истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз ҷумлаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд.
Бинобар ин, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда дар ин соҳаҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Дар баробари ин, бахши кишоварзии Тоҷикистон, бо назардошти иқлими мусоид ва захираҳои фаровони об, яке аз самтҳои ояндадор ба шумор меравад.
Ҳамкорӣ дар самтҳои парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот, панба (пахта) ва пиллаи абрешим, соҳаҳои боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ аз лиҳози иқтисодӣ судовар хоҳад буд.
Дар ин замина таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва марказҳои логистикӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Мо, инчунин, барои ҳамкории судманд бо сармоягузорони эронӣ дар рушди бахшҳои молиявӣ ва бонкдорӣ манфиатдор ҳастем.
Соҳаи гардишгарӣ низ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Мо барои рушди инфрасохтори гардишгарӣ ва истифодаи иқтидори бузурги он, бахусус гардишгарии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ ҳавасмандем.
Ҷорӣ намудани низоми лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар дар муддати 30 рӯз заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ин соҳа фароҳам овардааст.
Дӯстони гиромӣ,
Дар баробари имконоту зарфиятҳои мавҷуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмӯъ беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқиро муқаррар намудааст.
Ҳамчунин, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ шароити мусоид пешбинӣ гардидааст.
Ширкатҳои эронӣ метавонанд аз имконоти ин минтақаҳо бо ҳадафи рушди фаъолияташон дар Тоҷикистон истифода намоянд.
Дар Тоҷикистон имрӯз фазои муносиби иқтисодӣ барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст ва бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо барои ҳамкориҳои созанда ва роҳандозии тарҳу барномаҳои нав даъват менамоям.
Ҳадафи умумии мо бояд таҳкими шарикии боэътимод ба хотири таъмини рифоҳу фардои шоистаи кишварҳо ва мардумонамон бошад, ки аз муштаракоти забонӣ ва таърихиву фарҳангӣ бархурдоранд.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар мусоидати муассир хоҳад кард.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи Шумо, меҳмонони арҷманд, муколамаи созанда ва иқомати бофароғатро дар Тоҷикистон орзу дорам.
Чоп намудан
E-mail
30 сентябри 2024 .
Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо хуб дарк мекунед, ки неругоҳи барқи обии «Роғун» барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад.
Мо «Роғун»-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем.
Аз ин рӯ, ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои кишвари мо аҳаммияти ҳаётӣ дорад.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҷараёни корҳои сохтмон бо истифода аз шароиту имкониятҳои иқтисодиву молиявӣ ва техникаву технологияҳои замонавӣ, инчунин, бо риояи стандартҳои байналмилалӣ бояд тезонида шуда, иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.
Қобили зикр аст, ки тавассути ду агрегати аввали неругоҳ аз солҳои 2018 – 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.
Дирӯз, ҳамчунин, хатти интиқоли барқи 220-киловолта аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии неругоҳи барқи обии «Роғун»» то зеристгоҳи «Роғун» ба истифода дода шуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар соли 2023 барои идомаи корҳои сохтмон дар неругоҳи «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд, вале бо мақсади боз ҳам тезонидани раванди корҳо Ҳукумати мамлакат иловатан 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо намуд.
Яъне соли гузашта барои бунёди иншооти мазкур 5,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин, дар соли 2024 барои идомаи корҳои сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Аммо бо мақсади ҳарчи бештар вусъат додани корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот то ба имрӯз, яъне дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 3,5 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст.
Дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008 – 2024-ум Ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст.
Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023 – 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шудаанд.
Тавре маълум аст, корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудаанд, ки амалисозии онҳо ба ҳамдигар вобастагии мустақим дорад.
Яъне қафомонӣ дар яке аз лотҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки фармоишгар – Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва намояндаи фармоишгар – Ширкати «Трактебел» ташкил ва таъмини босуботи ҷараёни корҳоро дар байни лотҳо боз ҳам беҳтар танзим ва ҳамоҳанг созанд.
Бунёди сарбанд, ки аз иншооти муҳимми неругоҳ ба ҳисоб меравад, ба зиммаи ширкати «Вибилд»-и Итолиё вогузор шудааст.
Мо имрӯз шоҳиди он гардидем, ки корҳои бетонхобонӣ дар таҳкурсии ядрои сарбанд ва галереяҳои он тибқи лоиҳа ба анҷом расида, дар маҷмуъ, 300 ҳазор метри мукаабро ташкил додаанд.
Таъкид менамоям, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз анҷомдодашуда, Ширкати «Вибилд»-ро зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид тамоми тадбирҳои амалиро андешида, дар моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбандро таъмин намояд.
Дар ин самт ширкатро зарур аст, ки корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ роҳандозӣ ва шумораи мошину механизмҳоро бамаротиб зиёд карда, бо истифодаи самараноки хатти конвейерӣ ва дигар роҳҳои ҳамлу нақл захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин созад.
Корҳои сохтмони иншооти соҳили рост аз ҷониби ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар доираи лоти 3 иҷро гардида истодаанд.
Бояд гуфт, ки нақби сохтмонии қабати чорум, нақбҳои сементатсионӣ, нақбҳои нақлиётии Т-23 ва Т-39 ба иншооти аввалиндараҷаи лоти мазкур шомил мебошанд.
Тибқи лоиҳа корҳои нақбканӣ, бетонхобонӣ, сементатсионӣ ва корҳои заминӣ бо мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо дар баромадгоҳи нақбҳои обпарто идома доранд.
Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж»-ро зарур аст, ки корҳои васлу насби оҳанфулузот ва инчунин, мустаҳкамсозии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати чорумро дар соҳили рост вусъат бахшида, барои таъмини бехатарии сарбанд дар сатҳи 1110 метр корҳои сохтмони нақби обпартои қабати чорумро дар муҳлати на дертар аз моҳи августи соли 2025 ба анҷом расонад.
Иҷрои корҳои лоти 4 дар иншооти обқабулкунаки доимӣ, нақбҳои обрасон ва сементатсионӣ, толори мошинҳо бо нақбҳои ҷабанда ва бинои трансформаторҳо аз ҷониби ширкатҳои пудратӣ – «Тунел Садди Ориёно» ва «Заводи таҷрибавии механикӣ»-и шаҳри Норак босуръат идома дорад.
Корҳо дар иншооти зеризаминӣ вобаста ба қисмати соҳил низ идома ёфта, то ба имрӯз корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкорӣ дар се шахтаи обрасон ва чор шахтаи дарвозаҳо пурра ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳамчунин, иҷрои корҳои бетонхобонӣ дар иншооти ёрирасон дар мавзеи агрегатҳои якуму сеюми бинои трансформаторҳо идома доранд.
Ширкатҳои масъулро зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои бармаҳали лоти 4-ро таъмин намоянд.
Бори дигар хотирнишон менамоям, ки мо «Роғун»-ро барои Ватани азизамон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва барои садсолаҳо бунёд карда истодаем.
Бинобар ин, корҳо бояд дар дараҷаи олӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд.
Таъкид месозам, ки ба мустаҳкаму устувор будани сарбанди баландтарини иншооти гидроэнергетикии дунё бояд эътибори махсус дода шавад.
Маҳз бо ҳамин мақсад то имрӯз дар иншооти неругоҳ 3390 асбоби санҷишу ченкунӣ васлу насб карда шудааст.
Такроран таъкид менамоям, ки барои иншооти неругоҳ бояд маводу масолеҳи аълосифати сохтмонӣ ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истифода карда шаванд.
Дар ин ҷода, зарур аст, ки шароиту имкониятҳои дар озмоишгоҳи марказии сохтмон фароҳамгардида пурра истифода гарданд.
Сохтмончиёни муҳтарам!
Аз оғози давраи кӯчонидани аҳолии минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» то ба имрӯз, ки 12 солро дар бар мегирад, 3212 оила дар марҳалаҳои якум ва дуюм аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун кӯчонида шудааст.
Оилаҳои зикршуда ба шаҳру ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Турсунзода, Роғун ва ҳамчунин, Нуробод кӯчонида шуда, бо манзилҳои нави доимӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд.
Шароити зиндагӣ дар маҳалҳои нави зист, ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва масъалаҳои иҷтимоии оилаҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд.
Аз соли 2011 то соли 2024 тибқи номгӯи иншооти сохташаванда аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷетӣ 882 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Маблағи зикршуда барои бунёди иншооти инфрасохторӣ дар мавзеъҳои нави зист, гузаронидани корҳои таҳқиқотию лоиҳакашӣ, ҷуброни арзиши хонаҳои истиқоматӣ ва дигар молу амволи муҳоҷирон, инчунин, амалисозии чорабиниҳо оид ба омода намудани минтақаи зериобшавандаи неругоҳи «Роғун» хароҷот шудааст.
Чорабиниҳои дигари омода намудани минтақаи зериобшаванда, яъне кӯчонидани хатҳои интиқоли барқ, таҷзияи зериистгоҳҳо, хатҳои алоқа ва роҳҳо идома доранд.
Аз ҷумла дар доираи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод, ки ҳоло бомаром идома дорад, масъалаҳои кӯчонидани роҳҳои минтақаи зериобшавандаи соҳили рост дар ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод пурра ҳалли худро меёбанд.
Арзиши умумии лоиҳаи бунёди роҳ ва пули 920-метра беш аз 4,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба татбиқи марҳалаи навбатии корҳои сохтмони неругоҳ, хусусан, то сатҳи 1185 метр бардоштани сарбанд ва обгирии обанбор нақшаи кӯчонидани аҳолӣ барои солҳои 2021 – 2025 бояд сари вақт амалӣ карда шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат дар баробари аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам маблағгузорӣ намудани сохтмони неругоҳи «Роғун», ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд то ба имрӯз созишномаҳои қарзии имтиёзнок бо Бонки Исломии Рушд ба маблағи 150 миллион доллари амрикоӣ ва Фонди Саудии Рушд ба маблағи 100 миллион доллар ба имзо расонида шудаанд.
Дар баробари ин, қарорҳои мусбат ҷиҳати ҷудо намудани 100 миллион доллар аз ҷониби дигар фондҳои арабии рушд, аз ҷумла Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди рушди Кувайт, Фонди Абудабӣ ва Фонди амонатӣ ва трастии Италия қабул гардидааст.
Ҳоло бо мақсади бастани созишномаҳои қарзӣ гуфтушунидҳо бо онҳо ба марҳалаи анҷомёбӣ расидаанд.
Корҳо дар самти ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки Рушди Осиё ва қарзҳои имтиёзнок аз Бонки сармоягузории Аврупо ва Фонди Қатар идома доранд.
Инчунин, гуфтушунидҳо ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаи грантӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ба маблағи 650 миллион доллар ва созишномаи қарзӣ бо Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба маблағи 500 миллион доллар идома ёфта истодаанд.
Дар ҷараёни сафари мо ба Созмони Милали Муттаҳид масъалаи ҳарчи зудтар оғоз намудани маблағгузории лоти 1 бо Директори амалиётии Бонки Умумиҷаҳонӣ баррасӣ гардид ва бо натиҷаҳои мусбат анҷом ёфт.
Сохтмончиёни муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун», таъмин намудани сифати онҳо ва ба истифода супоридани иқтидорҳои навбатии неругоҳ иҷрои супоришҳои зерин ҳатмӣ ва зарур мебошад:
1. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои боз ҳам вусъат бахшидани иҷрои корҳо дар бунёди неругоҳ тадбирҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешад.
2. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмону баистифодадиҳии иқтидорҳои «Неругоҳи барқи обии Роғун» иҷрои ҳатмии корҳоро тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад.
Дар ин раванд, ҳамоҳангсозии корҳо барои баланд бардоштани сарбанд дар моҳи августи соли 2026 то сатҳи 1150 метр ва дар моҳи августи соли 2027 то сатҳи 1175 метр таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Махсус таъкид менамоям, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати то моҳи августи соли 2027 ба 1175 метр расонидани баландии сарбанд масъалаи афзалиятнок мебошад.
Тибқи қарордод бо Ширкати «Фойт» васлу насб ва корҳои омодасозии агрегати навбатӣ дар тирамоҳи соли 2026 пешбинӣ гардидаанд.
3. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳамбастагӣ бо пудратчиёни лотҳои 2, 3, 4 иҷрои корҳоро вобаста ба баланд бардоштани сарбанд то сатҳи 1110 метр ва ба истифода додани нақби сохтмонии қабати 4-ум дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намояд.
4. Вазорати молия бо истифода аз ҳамаи имконияту манбаъҳо барои пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомёфта, харидории масолеҳ барои сохтмон, таҷҳизот ва сӯзишворӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешад.
5. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон назорати сифати корҳои сохтмонро дар доираи қарордодҳои басташуда тақвият бахшида, сари вақт аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои пешниҳодшавандаро таъмин созад.
6. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо бо Комиссия оид ба гузаронидани озмунҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои машваратӣ, гурӯҳи коршиносон, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
7. Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо Вазорати молия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони кӯчонидашуда, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои онҳо, инчунин, ба оилаҳои кӯчонидашуда ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намоянд.
8. Хадамоти алоқа якҷо бо Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктелеком» ва дигар ташкилотҳои дахлдор кӯчонидани хатти алоқаи махсуси нуриву нахиро аз минтақаи зериобшаванда дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин созад.
9. Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нурободро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки бунёди пули 920-метра аз болои обанбори неругоҳи «Роғун» тезонида шавад.
10. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои садамавӣ дар иншоот ва таъмин намудани бехатарии кормандони сохтмони неругоҳ чорабиниҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, назоратро дар ин самт тақвият бахшад.
Бунёдгарони муҳтарами неругоҳи «Роғун»!
Ҷараёни воқеии корҳои сохтмон нишон медиҳад, ки шумо – бунёдгарони ин сохтмони тақдирсоз – дар ин майдони нангу номуси миллӣ бо эҳсоси баланди ватандориву ватанпарастӣ заҳмат кашида истодаед.
Заҳмати шабонарӯзиву ватандӯстонаи шумо дар саҳифаҳои таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.
Зеро неругоҳи «Роғун» як қадами бузург дар ҷодаи расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистони маҳбубамон, рушди устувору босуръати давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва муҳимтар аз ҳама, бамаротиб беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон ба ҳисоб меравад.
Шумо ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мардуми шарифи Тоҷикистон – хурду бузурги мамлакат интизори ҳарчи зудтар ба анҷом расидани бунёди ин иншооти сарнавиштсоз ва дар орзуи дидани пирӯзии коргарону мутахассисони неругоҳ мебошанд.
Яъне ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани бунёди неругоҳ, пеш аз ҳама, ба манфиати мардумамон мебошад.
Мову шумо дар ояндаи наздиктарин ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – бартараф кардани мушкилоти зиндагии халқамон ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони азизамон мерасем.
Ба ҳар яки шумо барои расидан ба рӯзҳои боз ҳам беҳтару босаодат саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.
Саломат бошед!
Чоп намудан
E-mail
24 сентябри 2024 .
Муҳтарам ҷаноби Раис! Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл! Хонумҳо ва ҷанобон! Нахуст, мехоҳам ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои ташаббуси ташкили Саммити Оянда ва даъват барои иштирок дар ин ҳамоиши муҳим арзи сипос намоям. Мо саъю талошҳои ҳамоҳангсозони Паймон ба хотири оянда — намояндагони Олмон ва Намибияро баланд арзёбӣ менамоем. Ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, ҳифзи сиҳатии омма, рафъи камбизоатӣ, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст. Масъалаҳои вобаста ба халъи силоҳ, назорати аслиҳа ва хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният ҳамоно таваҷҷуҳи ҷиддии моро тақозо менамоянд. Умед аст, ки ҳамоиши имрӯза, ҳамчунин, барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир нақши муассир хоҳад дошт. Матраҳ гардидани мушкилоти обу иқлим дар санади ниҳоии ин саммит зарурати идомаи амалҳои таъхирнопазири кишварҳои узв ва дигар тарафҳои манфиатдорро ба хотири таъмин намудани ояндаи осудаву ором барои наслҳои баъдӣ собит месозад. Тибқи маълумоти охирини Созмони Милали Муттаҳид пешрафт дар соҳаи об ва беҳдошт, бо вуҷуди беҳбудиҳои алоҳида, ҳанӯз кофӣ нест. Дар ин робита, мо ният дорем, ки дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо саъю талошҳоямонро ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, тақвият бахшем. Раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» яке аз намунаҳои равшани талошҳои пайвастаи мо дар ин ҷода мебошад. Ҳозирини гиромӣ, Қабул гардидани Паймон ба хотири оянда аз натиҷаҳои ин саммит ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ дучор шудаанд. Фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таҳаввулоти босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба ниёз доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад. Таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор аз иқдомҳои муштарак дар роҳи таъмини сулҳу суботи пойдор вобастагии бевосита дорад. Аз ин лиҳоз, мо дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштаракро ба мақсади пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёрӣ барои таъмини амнияти фарогир муҳим мешуморем. Тоҷикистон ба сифати кишвари мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз дарҷ гардидани ин мавзӯъ дар паймон дар баробари дигар мавзӯъҳои калидӣ истиқбол менамояд. Мо бояд ҳамкории байналмилалӣ, табодули иттилоот ва таҳкими иқтидорро барои пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ густариш диҳем. Мо аз нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид дар ин ҷода ҷонибдорӣ менамоем. Хонумҳо ва ҷанобон, Имрӯз, мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд. Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем. Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем. Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ҳамзамон бо ин, зарур мешуморем, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд. Итминон дорам, ки саммити имрӯза барои баррасии амиқ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир заминаи муносиб хоҳад гузошт. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Чоп намудан
E-mail
10 сентябри 2024 .
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти бостонии Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон таҷлил мегардад, бори дигар самимона табрик мегӯям.
Ба ҳамаи ҳамватанони азиз, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ – тандурустӣ, саодатмандиву пирӯзӣ ва дар роҳи амалӣ намудани нақшаву ниятҳои созандаву ободгарона комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Сию се сол қабл аз ин мардуми Тоҷикистон аз баракати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, яъне истиқлолу озодӣ тақдири хешро ба дасти худ гирифтанд ва ба эъмори давлатдории миллии худ оғоз карданд.
Тоҷикистон ба шарофати истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Вале дар оғози соҳибистиқлолӣ кишвари азизи мо ба зарбаи даҳшатбори тақдир – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардида, хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон ба масъалаи ҳаёту мамот табдил ёфта буд.
Танҳо бо азму иродаи қавӣ ва дастгириву пуштибонии мардуми шарафманди кишвар ба мо муяссар шуд, ки оташи ҷангро хомӯш кунем, мардуми парешоншударо сарҷамъ созем, ҳастии давлати ҷавонамон ва истиқлолу озодии онро ҳифз намоем.
Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад.
Боиси қаноатмандиву сарфарозист, ки шаҳрвандони мамлакат ҳар як ҷашни милливу давлатии худ, хусусан, ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбуби хешро бо заҳмати созанда ва дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд.
Сокинони заҳматқарини вилояти Суғд – ин диёри бостониву аз лиҳози истеҳсолоти саноатӣ тараққикарда низ то имрӯз иқдомҳои бузурги созандагиву ободониро амалӣ намудаанд.
Тибқи нақша дар вилоят то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1-уми августи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду таҷдиди 6700 иншоот ба анҷом расонида шудааст, ки қариб 58 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми ободкори вилоят, аз ҷумла ба соҳибкорони ватандӯсту ташаббускор ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳ барои иқдомоти созандаашон ба хотири ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон миннатдорӣ баён менамоям.
Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери парчами истиқлолу озодӣ, яъне парчами нангу номуси миллӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати мамлакат муттаҳиду сарҷамъ гардида, дар ҷодаи тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёри худ ва фароҳам овардани зиндагии муносибу шоистаи ҳар як хонадони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Вале фаромӯш набояд кард, ки роҳи расидан ба чунин рӯзҳои осуда ва дастоварду пешравиҳои имрӯза чандон ҳамвору осон набуд.
Тайи 33 соли соҳибистиқлолии давлатӣ мардуми кишвар рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ва душвориҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро аз сар гузарониданд ва ҳоло ба шукронаи сулҳу суботи комили мамлакат содиқона заҳмат мекашанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят мунтазам таъмин гардида, дар соли 2023 ба беш аз 35 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 72 баробар зиёд мебошад.
Танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 15 баробар афзоиш ёфтааст.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақша дар соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ пешбинӣ гардида, дар 7 моҳи соли 2024-ум 106 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият оғоз кардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишоварзони вилояти Суғд дар таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоштаанд ва соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба 19 миллиард сомонӣ расонидаанд, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 7,3 баробар зиёд мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи якчанд лоиҳаи бузургҳаҷм, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Ҷануб – Шимол, Гулистон – Ашт ва лоиҳаҳои бузурги таҷдиди роҳҳои мошингард орзуи деринаи сокинони вилоят, яъне пайвастшавӣ бо марказ ва ҷануби кишвар дар чор фасли сол ва дастрасии доимӣ ба неруи барқи худӣ амалӣ гардид.
Яъне бо амалӣ гардидани ин лоиҳаи бузург вилояти Суғд ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат пайваст шуд.
Бунёди шоҳроҳҳои байналмилалии Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ ва сохтмони нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ба масофаи 354 километр ва роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент бо дарозии 113 километр аз ҷумлаи иқдомоти бузурги амалинамудаи Ҳукумати мамлакат буданд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд такони ҷиддӣ бахшиданд.
Аз ҷумла рафтуомади бехатари мусофирон ва интиқоли бемамониати молу маҳсулот аз вилоят ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ дар чор фасли сол таъмин гардид.
Ҳоло дар ин самт боз як лоиҳаи муҳим – таҷдиди роҳи мошингарди Деҳмой – Конибодом – Исфара босуръат идома дорад.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани раванди созандагиву ободонӣ имрӯз симои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят куллан дигаргун гардида, тарҳи зебову замонавӣ гирифтааст.
Умуман, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи зиёда аз 75 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар вилояти Суғд беш аз 13 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ҳоло дар вилоят боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда зиёда аз 2 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин раванд, маблағгузорӣ ба соҳаҳои маорифи вилоят аз соли 2010 то соли 2023-юм 6,6 баробар ва ба соҳаи тандурустӣ 7,5 баробар афзудааст.
Бо дастгириву ғамхориҳои давлат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят 609 иншооти соҳаи маориф барои беш аз 101 ҳазор хонанда ва 500 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Пешравиҳое, ки вилояти Суғд дар зарфи беш аз сӣ соли охир ба даст овардааст, натиҷаи амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон ва заҳмати аҳлонаи мардум мебошанд.
Дар баробари ин, бори дигар таъкид менамоям, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои бузурги то ҳанӯз истифоданашуда мебошад ва истифодаи самараноки онҳо ба хотири боз ҳам вусъат додани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз кору фаъолияти содиқонаи тамоми роҳбарону фаъолон ва азму талоши созандаи ҳар як сокини вилоят вобастагии мустақим дорад.
Ман ба мардуми шарафманди вилояти Суғд, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯсти он муроҷиат мекунам, ки мо бояд боз ҳам бештар кор кунем, заҳмат кашем ва ҳар иқдоме, ки пеш мегирем, даҳсолаву садсолаҳоро дар назар дошта бошем, яъне барои ояндаи ободи Ватан ва наслҳои фардои он таҳкурсии мустаҳкам гузорем.
Фаромӯш набояд кард, ки Ватан аз мост ва тамоми масъалаву мушкилоти онро мо худамон бо заҳмати аҳлонаву содиқона бартараф месозем.
Мо бояд ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи саноат, коркарди маҳсулот ва содироти онро рушд диҳем, дар шароити пурҳаводису мураккаби ҷаҳон барои ҳамватанонамон ҳарчи бештар ҷойи кор муҳайё намоем.
Чунонки дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш гуфтам, ба таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони замони нав эътибори аввалиндараҷа диҳем ва барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё намоем.
Ба тамоми роҳбарону масъулон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку ҷамоатҳо такроран хотиррасон менамоям, ки тозагиву ободӣ аз хонаву кошонаи ҳар яки мо, аз маҳалли зист, кӯчаву хиёбон, шаҳраку деҳа ва шаҳру ноҳияи ҳар яки мо сар мешавад.
Мардумро ба ободкориву созандагӣ сафарбар кунед ва дар ин ҷода худатон ташаббускору пешсаф бошед.
Бовар дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи комили Тоҷикистони маҳбубамон чун ҳарвақта софдилона заҳмат кашида, дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд мегузоранд.
Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони меҳмоннавозу шарафманди вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори 33-юмин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони сокинони вилоят саломативу саодатмандӣ, сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Ҳамеша хушбахту хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!
Чоп намудан
E-mail
27 марти 2024 .
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони пойтахт, меҳмонон ва ширкаткунандагони ҳамоиши наврӯзӣ!
Ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар ба муносибати куҳантарин ва бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯз, ҷашни баҳор ва эҳёи табиат самимона табрик гуфта, ба шумо саломативу сарсабзии баҳорӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст.
Мувофиқи асотире, ки дар миёни гузаштагони мо маъруф будааст, нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки тавсифи подшоҳии ӯ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст.
Дар «Шоҳнома»-и безавол, ҳамчунин, бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат дода шудааст, ки ба ин хотир, ин ҷашнро чун Наврӯзи ҷамшедӣ низ ёд мекунанд.
Ба ин маънӣ, Наврӯз ҳамчун оғози ҳамаи шукуфтанҳо, сарсабзиҳо ва эҳёи дигарбораи замину замон бо таърихи бостонӣ ва фарҳангу адабиёти оламшумули миллати тоҷик пайванди ҷудоинопазир дорад.
Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии мардуми мо, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамон то ба имрӯз гардидаанд.
Маҳз ҳамин афкору андеша ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии Наврӯз ва дигар силсилаҷашнҳои ориёӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон бо гузашти асрҳо ба ҷузъи муҳимми худшиносии миллии тоҷикон табдил ёфтаанд.
Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардум мебошад.
Бинобар ин, мо онро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон нафақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани ойину русуми азбайнрафтаи он талош мекунем.
Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст.
Халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд.
Яъне Наврӯз ба як омили муҳимтарини паҳншавии фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар олам табдил ёфтааст.
Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубониву хушбахтӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳо, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад.
Маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонасафедкунӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, навозиши сари ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои хайр аз суннатҳои неки наврӯзӣ буда, аксари онҳо то имрӯз дар кишвари мо ба таври васеъ роиҷанд.
Ташкилу баргузории ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла аспдавонӣ, гӯштигирӣ, инчунин, шеърхонӣ, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва намоиши онҳо, омода намудани таомҳои миллӣ аз гиёҳу растаниҳои баҳорӣ аз ойинҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро дар рӯзҳои наврӯзӣ бо шавқу завқи зиёд анҷом медиҳанд.
Ҳамватанони азиз!
Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас – дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Аз ҷониби дигар, маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат ва расму ойинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад.
Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талош намоем ва тамоми имконияту нерӯи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон равона созем.
Ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем.
Ҳамзамон бо ин, таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ, аз ҷумла Наврӯзро бо дарназардошти талаботи даврони истиқлол роҳандозӣ намоем, онҳоро ҳамқадами замони муосир созем, ки яке аз онҳо ҳамоиши наврӯзии имрӯза мебошад.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки дар айёми наврӯзӣ ва рӯзҳои дигар низ барои ободу зебо ва тозаву озода гардонидану ба «кишвари сабз» табдил додани Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро гузорем.
Чунонки ҳамватанони азизи мо дар ёд доранд, 9-уми март дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла торафт густариш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунандаро муфассал таҳлил намуда, вазифаҳои ҳар як шаҳрвандро дар чунин шароити мураккаб таъкид карда будам.
Хусусан, ҳодисаи нангину даҳшатноки дар наздикии шаҳри Москва рухдода ҳар яки мо, махсусан, падару модаронро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд.
Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд.
Мардуми мо аз замонҳои қадим Наврӯз, яъне ҷашни сари солро, пеш аз ҳама, бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза, сипас, бо зоҳири ороста, яъне сарулибоси тозаву озода истиқбол мегирифтанд ва ҳамеша умед доштанд, ки қадами соли нав бо файзу баракат шавад.
Хушбахтона, ин русуми хуби наврӯзӣ ҳоло дар кишвари биҳиштосои мо ривоҷи тоза пайдо кардаанд.
Мо бояд пайваста кӯшиш намоем, ки хонаву кошона, маҳалли зист ва ҷойи кори худро ҳамеша ороставу зебо нигоҳ дорем, зебоипарастӣ, озодагиву тозакорӣ ва ободониро ба одати доимии хурду бузурги мамлакат табдил диҳем, то ин ки тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад ва ҳар рӯзи Тоҷикистон мисли Наврӯз бошад.
Бо чунин ниятҳои неки наврӯзӣ бори дигар ҳамаи сокинони шарафманди пойтахт, тамоми ҳамватанони азиз дар дохили кишвар ва берун аз он, меҳмонони гиромӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, инчунин, ширкаткунандагони ҳамоиши имрӯзаи наврӯзиро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни баҳору сарсабзии сарзамини биҳиштосоямон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо бахту иқболи баланду сарсабзӣ ва барои Тоҷикистони маҳбубамон – сарзамини зебоӣ, баҳор ва Наврӯз – сулҳу оромӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ орзу менамоям.
Бигзор Наврӯз бо қадамҳои мубораки худ ба Тоҷикистони азизи мо, ки ватани наврӯз мебошад, барои имсолу солҳои дигар сарсабзиву хуррамӣ, ободиву пешрафт, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва болоравии боз ҳам бештари обрӯи кишвари маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ ба армуғон оварад!
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон пирӯз бод!
Ҳозирини муҳтарам!
Пеш аз ҳама, мехостам аз номи ҳамаи шумо, аз номи кулли мардуми Тоҷикистон ва аз номи худ ба ҳамаи иштироккунандагони ин ҳамоиш, ба ҳамаи ҳунармандон, коргардонҳо ва ба ҳамаи онҳое, ки барои омода кардани чунин як ҳамоиши ҳам куҳану ҳам ҳозиразамон ва бисёр зебо доир ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни наврӯзӣ минатдории самимии худро баён намоям.
Аҳсан! Аҳсан! Офарин!
Офарин ва аҳсан!
Саломат бошед, хеле заҳмат кашидед.
Фарқи наврӯзи имрӯза аз наврӯзҳои гузашта – аз замин то осмон.
Иншооллоҳ, мо кӯшиш мекунем, ки наврӯзи оянда аз ин ҳам хубтару беҳтар бошад.
Мо бояд ҳамаи анъанаҳои қадимаи наврӯзиро омӯзем ва эҳё кунем.
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!
Дар ин ҳамоиш аксарият ҷавонон иштирок доред.
Ман ба ҷавонони мамлакат муроҷиат мекунам.
Ман ба падару модарони муҳтарам муроҷиат мекунам: Ин Ватан – ин сарзамини биҳиштосо Ватани мову шумо аст, Ватани аҷдоди мову шумо аст.
Миллати тоҷик таъриху тамаддуни беш аз 6000-сола дорад.
Тоҷикистон дар асл ватани Наврӯз аст.
Мо шаш сол кӯшиш кардем дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо созмонҳои бонуфузи фарҳангии ҷаҳонӣ кор кардем, оқибат бо Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ба сатҳи байналмилалӣ расонидем.
Акнун ин тарафаш дар дасти шумост.
Ҷавонони имрӯза, падарони муҳтарам, модарони азиз, шароит муҳайё кунед ба насли нав, ба наврасон, ба кӯдакон, ба наврасону ҷавонон шароит ва имконият диҳед, ки хонанд, илм омӯзанд, касб омӯзанд, ҳунар омӯзанд, ки оянда ин Ватани биҳишосоро соҳибӣ карда тавонанд.
Бо хурофот мо ягон қадам пеш намеравем.
Хурофот ба торикӣ мебарад, ба бадбахтӣ мебарад, на ба чизи дигар.
Ҷавонони азизи мамлакат!
Ҳама чиз дар дасти шумост.
Ин Ватан, пеш аз ҳама, Ватани наврасону ҷавонони имрӯза аст.
Ҳар кори неке, ки мо – калонсолон мекунем, барои шумо – насли ҷавони имрӯза мекунем.
Ин Ватанро мо ба шумо мерос мегузорем.
Муроҷиатҳои чандинкаратаи ман ба шумо чунин маънӣ доранд, ки ҳадафи мо аз эҳё кардани Наврӯз як хурсандӣ кардан нест.
Шумо бинед, ки Наврӯз чӣ аст?
Сари сол, пеш аз ҳама, тозагӣ.
Яъне бинед, бузургони гузаштаи мову шумо 6000 сол пеш барои мову шумо фикр карда, дар чор фасли сол чор ҷашнро эҷод кардаанд.
Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон барои мову шумо.
Дигар чӣ аст Наврӯз?
Як хурсандӣ кардану доира задан не.
Қалбҳоро пок кардан даркор, ботинро пок карданамон даркор, гуноҳи якдигарро бахшиданамон даркор.
Хонаву кошона, кӯчаву раста ва шаҳру ватанамонро тозаву озода карданамон даркор.
Ана ҳамин аст маънии таъриху тамаддун ва фарҳанги 6000-солаи Наврӯз.
Тозакорӣ, озодакорӣ, зебоипарастӣ, барои ҳамин ҳам дар рӯзи наврӯз, бинед, чӣ қадар хурсандӣ.
Дар хуну вуҷуди мову шумо аст ин ҷашн, ки ин қадар монеаҳо эҷод карданд барои пеши роҳи ҷашни Наврӯзро гирифтан, вале бинед, ки баъди 6000 сол чӣ гуна ҷӯш зада, эҳё гардид.
Ин танҳо бо ташвиқоти як Президент намешавад.
Ин дар хуну вуҷуди ҳастии миллати тоҷик аст, дар хуну вуҷуди мардуми ориёитабор ҳаст.
Яъне тоза кардан, озода кардан, зебоипарастӣ, бунёд кардан, некӣ кардан, сари сол ҳама кинаву адоватро аз дилҳо берун кардан даркор, ки аз саршавии сол Худо кунад, ки соли бофайз шавад, бобаракат шавад, амонӣ бошад, тинҷиву хушбахтӣ бошад.
Имрӯз 25-ум аст.
Таърихан Наврӯз 12 рӯз ҷашн гирифта мешавад.
Ҳар як рӯзаш як мақому таъиноти худашро дорад.
Мо бояд ҳам кор кунем, заҳмат кашем, ҳам ҷашн гирем ва ҳам хурсандӣ кунем.
Дар ҳар як оила хурсандӣ бошад, ин аст орзуи ман.
Аз Худои таоло орзуи ман ин аст, ки хурсандии ҷовидонаро мисли ана ҳамин Наврӯзи Аҷам насиби мардуми Тоҷикистон гардонад ва ҳар рӯзи мардуми мо Наврӯз бошад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бошад!
Ҳар рӯзатон Наврӯз бошад!
Худои таоло ҳарчи орзуву омоле, ки дар дилу ниятатон ҳаст, ҳамонро насибатон гардонад.
Хушбахт бошед!
Натарсед, наҳаросед, мо рӯзҳои сахту сангинро паси сар кардем.
Мо ин Ватанро обод карда истодаем, боз бунёд мекунем, месозем ва ба наслҳои оянда як мулки обод мерос мегузорем.
Мо бояд сидқан, фақат бо забон не, сидқан Ватанамонро дӯст дорем.
Забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро дӯст дорем.
Сару либосҳои миллии худро дӯст дорем.
Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо.
Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем.
Лекин либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд.
Бас кунед бегонапарастиро!
Бас кунед бегонапарастиро!
Мо худамон ҳама чиз дорем, фақат дар чорчубаи қонун кору зиндагиву фаъолият карданамон даркор.
Бори дигар аз самими қалб ҳамаи шуморо табрик мегӯям.
Ман медонам, моҳи шарифи Рамазон аст.
Мо ҳама дар моҳи шарифи Рамазон, шукрона, рӯзадорӣ мекунем, ҳам Наврӯзро ҷашн мегирем, ҳам заҳмат мекашем ва Ватанамонро боз ҳам ободу зебо мекунем.
Ман медонам, ман ҳис карда истодаам, худи ман ҳам дар ҳамин ҳолат ҳастам, вале ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошед.
Ҳаёт, зиндагӣ, давлатдорӣ ҳамин будааст!
Фақат дар ҳеҷ ҳолат рӯҳафтода нашавед!
Ба шумо, ба кулли мардуми Тоҷикистон тинҷиву амонӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат мехоҳам.
Бори дигар Наврӯзатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Як ҷаҳон ташаккур ба ҳамаи шумо барои заҳматҳои кашидаатон ва ин маҳфили бисёр зебо, ки имрӯз баргузор кардед!
Ба роҳбарияти ҳукумати шаҳр, ба тамоми сохтору мақомоте, ки дар ин ҷо заҳмат кашиданд, ташаккур!
Саломат бошед!
Хушбахт бошед!
Чоп намудан
E-mail