Баргузории вохӯрӣ дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Нимаи аввали моҳи марти соли 2025 дар асоси «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи якуми соли 2025» дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ҷиҳати муқовимати самаранок ба коррупсия дар мавзӯъҳои «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - зиддикоррупсионии кормандони соҳа, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда ва таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардида, зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳо ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.
Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар руҳияи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбати худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ



