Гузаронидани мизи муддавар дар шаҳри Роғун бо кормандони соҳаи тандурустӣ

18 марти соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки кормандони соҳаи тиб ва бахшҳои соҳаи тандурустӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ» баргузор гардид.

 

Дар рафти чорабинӣ маърузачиён вобаста ба сабабу шароитҳои аз тарафи кормандони соҳаи тиб содир намудани қонуншиканиҳои коррупсионӣ, инчунин роҳҳо ва усулҳои паст кардани шиддати коррупсия дар ин соҳа баромадҳои пурмаҳтаво намуданд. Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, баҳри таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ сол аз сол тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

 

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои озод ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer