БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ»

6 декабри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо иштироки занону бонувони фаъоли касбу кори гуногун конфронс дар мавзӯи «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия» доир карда шуд.
 
Чорабинии мазкур бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар, муовини якуми раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллозода Фирӯза, кормандони ниҳоди мазкур, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раисони шӯрои занони вазорату идораҳо, мудирони шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе сурат гирифта, дар он маърӯзачиён доир ба мавзӯҳои мухталифи муқовимат ба коррупсия баромад намуданд.
 
Ҳадаф аз баргузории конфронс - таҳлили нақши занон дар муқовимат ба коррупсия, таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ роҷеъ ба ин мушкилот маҳсуб ёфта, дар доираи он муколамаи самимӣ бо таклифу тавсияҳои ҷолиб баргузор гардид.
 
Конфронси мазкур муҳокимаи фаъол ва муфассали мавзӯҳои марбут ба нақши занон дар сиёсат ва мубориза бар зидди коррупсияро миёни иштирокчиён ба вуҷуд оварда, бо пешниҳоди роҳҳои амалӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таъмини поквиҷдонӣ ва ҷалби бештари занон дар раванди муқовимат ба коррупсия ба анҷом расид.
 
Дар умум чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири худро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мерасонад.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ХАТАРИ КОРРУПСИЯ БА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ” БАХШИДА БА 9 ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

5 декабри соли 2024 бо ибтикори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Хатари коррупсия ба иқтисоди миллӣ” бахшида ба 9 декабр -Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия  баргузор гардид.

 

Мақсади асосии семинар ин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

 

Чорабиниро масъулини донишгоҳ ва раёсат ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба аҳамияти таҷлили “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия”, оқибатҳои хисороти ин падидаи манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карданд.

 

Иштирокчиёни дигар низ дар мавзуъҳои “Шарҳу тавзеҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “ Моҳият ва таъиноти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маърӯза ироа намуданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоидро фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати  коррупсия мусоидат менамояд.

 

Дар фарҷом миёни иштирокдорон ва маърузачиён саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда мушаххасан посухҳои қонеъкунанда дода шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинар дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

29 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» семинар баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ намояндагони Агентӣ масъалаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсияро шарҳ дода, иштирокчиёни конфронсро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомот, ки татбиқкунандаи сиёсати давлатии зиддикоррупсионї дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб меравад, даъват намуданд.

 

Дар интиҳои ҳамоиш миёни иштироккунандагон ва маърӯзакунандагон саволу ҷавоб доир шуда, ҷиҳати тавсеаи татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

Чоп намудан E-mail

Мулоқоти директори Агентӣ бо Президенти Идораи назорати маъмурӣ ва шаффофияти Давлати Қатар

26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Дохаи Давлати Қатар директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид дар ҳошияи сафари хизматӣ ҷиҳати иштирок дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ бо Президенти Идораи назорати маъмурӣ ва шаффофияти Давлати Қатар ҷаноби Ҳамад бин Носир Ал Миснад мулоқот намуданд.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масъалаи равобити дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт мубодилаи афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик бо мақсади густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ санади ҳамкориро таҳия ва ба имзо мерасонанд.

 

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумӯъ додани робитаҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори боварӣ намуда, қайд карданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ду мақомоти бо коррупсия муборизабаранда заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории вохӯрӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”

25 ноябри соли 2024 дар доираи Нақша - чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» вохӯрии судманд баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур роҳбарият, кормандон, донишҷӯён ва масъулини соҳаи тандурустӣ иштирок дошта, дар он намояндаи раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон доир ба роҳҳои пешгирии падидаи манфии коррупсия, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва заминаҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ суханронӣ намуд.

 

Дар интиҳо иштирокдорон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин мушкилотҳои соҳа дар ин самт ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории мулоқоти судманд оид ба таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия бо кормандон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Дар ҳошияи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам тақвият додани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф, санаҳои 20-ум ва 21-уми ноябри соли 2024 вохӯрии навбатии намояндагони Агентӣ бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» ташкил ва баргузор карда шуд.
 
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаҳои аввалини соҳибихтёрии хеш дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар мушкилотҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, мубориза бо ин падидаи номатлубро аз самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор додааст.
 
Дар ин замина, омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳар як фарди ҷомеа аз ҷумла кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имкон фароҳам меорад, ки дар рӯҳияи риояи қонунҳо амал намуда, аз содир намудани ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ худдорӣ намоянд.
 
Вохӯрӣ дар сатҳи баланд сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
 
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон

20 ноябри 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми директори Агентӣ Расулӣ Барот бо Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон - Оливер Штолпе доир гардид.

 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаи равобити дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешидашуда оид ба татбиқи Конвенсияи СММ зидди коррупсия табодули афкор намуда, аз ҳамкории ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд.

 

Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҳамчун маҳаки тақвиятдиҳандаи муносибатҳои мутақобилан судманд арзёбӣ ёфта, умед аст, ки натиҷаи он барои рушди муносибатҳои ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи бонкӣ”

13 ноябри соли 2024 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони Президененти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 “Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон доштани соли 2024 ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи бонкӣ” доир гардид.

 

Дар кори семинари омӯзишӣ масъулини раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, роҳбарият ва кормандони шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ширкат варзида, ҷиҳати пешгирӣ аз содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмини талаботҳои қонунгузории кишвар дар ин самт маърӯзаҳои пурмуҳтаво баён намуданд.

 

Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид ва бо боварии комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи бонкӣ ва ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба зуҳуроти коррупсия мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer