БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

27 марти соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандони соҳаи маориф, роҳбарият ва шахсони масъули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе оид ба мавзӯъҳои «Нақши маориф дар тарбияи зиддикоррупсионии ҷомеа» ва «Нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия» мулоқоти судманд анҷом дода шуд.

 

Чорабиниро сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба аҳамияти пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф андешаронӣ намуд.

 

Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, раванди ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсия, нақши маориф ва омӯзгорон дар пешгирии коррупсия, тарбияи ҷавонону толибилмон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳифзи сулҳу субот суханронӣ карданд.

 

Дар фароварди мулоқот иштирокчиёни чорабинӣ фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба мавзӯъ иброз намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer