Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Санаи 17-уми марти соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» конфронси сатҳи баланд бо роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва хатмкунандагони Донишгоҳ бо иштироки зиёди аз 1600 нафар баргузор гардид.

 

Зимни баргузории чорабинӣ масъулини Агентӣ вобаста ба мавзуҳои рафъи омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳаи тиб, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот дар соҳа ибрози андеша намуданд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ аз донишҷӯён ва хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни интихоби касб бо дасту дили пок ба халқу Ватан хизмат намуда, дар фаъолияти минбаъдаи кории худ аз ҳамагуна кирдорҳои номатлуби коррупсионӣ худдорӣ кунанд.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer