Баргузории онлайн-машварат вобаста ба таъсиси Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба поктинатӣ дар тиҷорат

11 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон онлайн-машварат вобаста ба таъсиси Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба поктинатӣ дар тиҷорат баргузор гарид, ки дар рафти он намояндагон аз корхонаю муассисаҳои давлатии кишвар, инчунин бахши хусусӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ ширкат варзиданд.

 

Бояд қайд намуд, ки Шабака аз тарафи Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки Аврупоӣ оид ба Таҷдид ва Рушд таъсис дода шуда, он барои муттаҳид намудани намояндагони бахшҳои хусусӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ, ассотсисатсияҳои соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатии кишварҳои Осиёи Миёна дар атрофи масоили муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ ва поктинатӣ дар тиҷорат заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён атрофи афзалиятҳои таъсиси Шабака ва ба роҳ мондани робитаи судманд байни тарафҳо муҳокимаронӣ намуда, дар назар аст, ки таъсиси Шабакаи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия дар бахши хусусӣ заминаи мусоид фароҳам меовард.

 

Маркази матбуоти Агентӣ 

 

Чоп намудан E-mail

Footer