Баргузории вебинарӣ минтақавӣ дар Агентӣ
28 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ бо иштироки васеъи кормандони воҳидҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ ва минтақавии мақомот дар доираи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия вебинарӣ минтақавӣ таҳти унвони «Шиносоӣ бо асосҳои омории Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои ченкунии коррупсия» ташкил карда шуд.Дар чорабинӣ ба ғайр аз масъулини мақомот ва Раёсати болозикр коршиносони мақомоти зиддикоррупсионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои зикргардида иштирок намуданд.
Зимни баргузории вебинар коршиносон бо маърӯза доир ба мавзӯҳои матраҳшуда баромад намуда, ба иштирокчиён таҷрибаи истифодаи асосҳои оморӣ барои дарк намудан ва андозагирӣ кардани коррупсияро дар соҳа, давлат ва минтақаи алоҳида омӯзонданд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстона, илмӣ ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки донишҳои бадастомада минбаъд дар фаъолияти хизматии кормандон баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва минтақа истифода хоҳанд гардид.

Маркази матбуоти Агентӣ



