Баргузории мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор
Моҳи майи соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи митақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ вохўрӣ баргузор карда шуд.Дар рафти чорабинии мазкур масъулини Агентӣ вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм, пешгирии нашъамандӣ, масъалаҳо оид ба танзими ҷашну маросим ва таълиму тарбияи кўдак, тарбияи ватандўстии шаҳрвандон, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, риояи фарҳанги миллӣ дар пўшидани сару либос, истифодаи самараноки нерӯи барқ суханронӣ намуданд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ



