Вохӯрии кормандони мақомот бо масъулини Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии донишҷуён ва омўзгорон моҳи майи соли 2025 дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар рафти он аз тарафи масъулини мақомот ба ҳозирин мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меърии ҳуқуқии соҳаи зиддикоррупсионӣ, хатарҳоии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фаҳмонида дода шуд.Дар интиҳо иштирокчиёни чорабинӣ дар доираи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, бахусус Кодекси ҷиноятӣ ва талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», инчунин мушкилотҳои соҳа ибрози андеша намуда, байни ҳозирин дар доираи мавзӯи вохӯрӣ мубодилаи афор сурат гирифт.

Маркази матбуоти Агентӣ



