Баргузории семинари маҷозӣ бо кормандони Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
13 майи соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари маҷозӣ баргузор гардид.Чорабинии мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баргузор гардида, дар рафти он мавзўи «Мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба иқтисодиёти пинҳонӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳадафи аслии семинари зикргардида ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани табодули таҷриба ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои Агентӣ бо Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ ба ҳисоб рафта, он дар сатҳи баланд ва дар фазои дўстонаву созанда анҷом ёфт.

Маркази матбуоти Агентӣ



