Гузаронидани вохӯриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Бо ин ҳадаф давоми моҳи майи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Чинор ва Хурми шаҳри Панҷакент мулоқотҳои васеи корӣ анҷом дода шуд, ки дар рафти он доираи васеи роҳбарият, кормандон, омӯзгорон, имомхатибон, фаъолон ва сокинони ин минтақаҳо ширкат варзиданд.
 
​Дар аснои вохўрӣ кормандони Агентӣ вобаста ба тағйиру иловаҳои ба қонунгузории кишвар воридшуда дар самти истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, худдорӣ намудан аз содиркунии ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо, даст назадан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва дигар масъалаҳои зарурӣ суханронӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer