Вохӯрии кормандони мақомот бо масъулини соҳаи маорифи ВМКБ
Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳаи маориф санаи 6 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи: «Нақши маориф дар тарбияи зиддикоррупсионии ҷавонон» вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони шуъба, мудирони боғчаҳо ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳр ширкат варзиданд.Зимни чорабинӣ аз тарафи масъулини мақомот вобаста ба сиёсати зиддикоррупсионии кишвар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин соҳа, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз баромадҳои пурмуҳтаво ироа карда шуда, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои марбута ба масъулин тавсияҳо ва дастурҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ



