Баргузории мулоқот дар як қатор вазорату идораҳои кишвар

Давоми моҳи майи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва «Шабакаҳои интиқоли барқ», Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб мулоқотҳои корӣ гузаронида шуданд, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони ин ниҳодҳо ширкат варзиданд.
 
Дар рафти чорабиниҳо аз тарафи масъулини Агентӣ ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории самти истифодаи нерӯи барқ фаҳмонида шуд. Қайд гардид, ки ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишвари сабз табдил додани мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, ҷиҳати амалисозии ин ҳадафи олӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
 
Зимнан, таклиф ба амал оварда шуд, ки ташаббусҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба истифодаи дуруст ва самараноки нерӯи барқро сармашқи кори худ гирифта, ба ҳолати истифодаи ғайриқонунии он ва вайрон кардани талаботҳои қонунҳои миллӣ дар ин самт роҳ надода, тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати пешрафт ва ободонии Ватани азизамон равона созанд.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer