Баргузории вохӯрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Моҳи апрели соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вобаста ба шарҳи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар масъалаҳои мухталифи самти муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур масъулини Агентӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, пешгирии содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба ин падида, инчунин ҷиҳати таъмини амалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуданд ва ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатиро дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамаҷониба тавзеҳ доданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer