Баргузории ҷаласаи кории Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
14 майи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, зерсохторҳои мақомот, намояндагони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар маҳал ва муассисаҳои соҳаи тиббу маориф ҷаласаи кории Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомот баргузор гардид.Чорабиниро роҳбарияти мақомот оғоз карда, вобаста ба фаъолияти Комиссия, камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ва роҳҳои бартараф кардани онҳо изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон дар идома аз ҷониби масъулини Агентӣ муҳтавои асосии тағйиру иловаҳои ба қонунгузорӣ воридгардида дар самти истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ шарҳ дода шуда, оиди роҳ надодан ба вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Бо ҷамъбасти кори ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар кардани фаъолияти Комиссия ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Маркази матбуоти Агентӣ



