Вохӯрии кормандони мақомот бо масъулини корхонаву идораҳои шаҳри Бохтар

Дар асоси нақша чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар моҳи апрели соли 2025 дар раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ - иноватсионии шаҳри Бохтар» ҷиҳати таблиғу ташвиқи шарҳи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти маводи мухаддир, пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи дурусти нерӯи барқ, бо иштироки васеи кормандони муассисаҳо вохурӣ баргузор карда шуда, талаботи санадҳои меъёрии дар боло қайдшуда аз ҷониби намояндаи мақомот ба саҳми иштирокчиён расонида шуд.

 

Дар интиҳо иштирокдорон дар доираи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, инчунин мушкилотҳои соҳа ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer