Баргузории семинари омӯзишӣ роҷеъ ба фарҳанги интихоботӣ

Дар асоси Нақшаи баргузории корҳои таблиғотию иттилоотӣ дар вазорату идораҳо оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07 феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмудзода Изатулло, роҳбарият ва доираи васеи кормандони мақомоти Агентӣ семинари омузишӣ дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот» ва «Фарҳанги интихоботӣ» баргузор гардид.

 

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмудзода И. вобаста ба раванд ва тартиби баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, инчунин муҳимияти иштироки шаҳрвандон дар ин чорабинӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ироа карда шуд.

 

Қайд гардид, ки интихоботи навбатӣ яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсии давлатӣ ба ҳисоб рафта, вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи интихоби вакили арзанда саҳмгузор будан дар ташаккули ояндаи дурахшони Ватани азизамон мебошад.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer