Баргузории вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф ва илм

Санаи 26-уми феврали соли 2025 тибқи «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи якуми соли 2025» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва масъулини муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мавзуҳои «Нақши муассисаҳои томактабӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» ва «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» вохӯрӣ баргузор карда шуд.

 

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - зиддикоррупсионии масъулини муассисаҳои томактабӣ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда доир гардида, дар он мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифт.

 

Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳо ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи маориф ва илм алалхусус, муассисаҳои томактабӣ ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матуботи Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer