Вохӯрии масъулини мақомот вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 январи соли 2025 тибқи Нақшаи тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 дар ҷамоати шаҳраку деҳот ва дигар маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Ҷилликул ва Анористони ноҳияи Дӯстӣ сурат гирифт.

 

Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбари давлат доир ба иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Қайд карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва давлат равона гардида, саршор аз таклиф ва ғояҳои оқилонаву созанда мебошад.

 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer