Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани фарҳанги молиявӣ дар самти низоми пардохтҳои ғайринақдӣ»
22 январи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе» дар мавзӯи «Баланд бардоштани фарҳанги молиявӣ дар самти низоми пардохтҳои ғайринақдӣ» семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Мақсади асосии чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифати молиявии аҳли ҷомеа оид ба пардохтҳои ғайринақдӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Чорабиниро роҳбарияти муассиса оғоз намуда, доир ба афзалият, бартарият ва зарурати гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ андешаронӣ карданд.
Иштирокчиёни дигар низ дар мавзӯъҳои «Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии љумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар партави Паёмҳои Пешвои миллат» ва «Низоми пардохти ғайринақдӣ ва истифодаи технологияҳои муосир» маърӯза ироа намуданд.
Дар интиҳо иштирокчиён дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлӯҳои гуногуни масъалаҳои баррасишавандаро зери музокира қарор доданд.

Маркази матбуоти Агентӣ



