Баргузории семинари илмӣ-амалӣ дар филиали №23 Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд
5 феврали соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар филиали №23 Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - омили асосии муқовимат ба коррупсия» гузаронида шуд.Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони филиалҳои бонк дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзида, дар рафти он вазифа ва ҳадафҳои асосии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррпупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи татбиқи он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), инчунин роҳу усулҳои татбиқи самарабахши ин барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки дар ҳақиқат аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масоили муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҳукумати кишвар ҷиҳати паст кардани шиддати ин зуҳурот дар тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи бонкӣ, ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Маркази матбуоти Агентӣ.



