14 феврали 2025 .
14 феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти мазкур роҳбарияти Агентӣ, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва маҳалливу минтақавии мақомот, инчунин доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султонзода Сулаймон Саид бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, натиҷаҳои фаъолияти мақомотро дар соли 2024 ба саъми намояндагони воситаҳои ахбори омма расониданд.
Қайд гардид, ки Агентӣ дар соли 2024 ҷиҳати амалисозии вазифаҳои хизматӣ пайваста тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар самти назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ ва ошкори ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Зимнан, дар ин давра мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 484 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 425,7 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Тавассути чораҳои андешидашуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 411,9 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст, ки 296,1 млн. сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 115,8 млн. сомонӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ва даромад кардани молу мулк мебошад.
Инчунин, аз ҳисоби таъини ҷаримаҳои маъмурӣ ва корҳои таҳқиқу тафтишотӣ ба буҷети давлат 87,9 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.
Ҳамин тариқ, дар соли 2024 Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият 513 млн. сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 384 млн. сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 115,8 млн. сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад.
Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2323 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастабударо нисбати 1180 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 728 парвандаи ҷиноятиро нисбати 948 нафар ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намудаанд.
Кормандони Агентӣ бо мақсади роҳандозии муқовимати низомнок бо омилу кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин огоҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 1053 вохўриҳо гузаронида, ҳамзамон 1711 ҳолати содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқамандро ошкор ва баррасӣ намуданд.
Бо натиҷаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии 1426 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 293 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур гардидааст.
Дар давраи сипаригардида баррасии саривақтии 3279 муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардидааст, ки бо 1651 адади он талаботи арзкунандагон қонеъ ва бо 1403 муроҷиат қарорҳои дахлдори қонунӣ қабул карда шуда, 169 муроҷиат бо сабаби беном буданашон мавриди баррасӣ қарор дода нашуданд. Дар як вақт аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ 345 нафар шаҳрвандон қабул гардида, аз рўи муроҷиатҳои онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.
Макази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
03 феврали 2025 .
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Одилов Қ.М. дар вазифаи директори ҶДММ «Арса»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кору фаъолият карда, қасди ба даст овардани даромади муфтро назди худ пеша намуда, охирҳои моҳи декабри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии як қатор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, ба онҳо пешниҳод намуд, ки гўё метавонад ба воситаи ҷамъияти худ бар ивази маблағи муайян онҳоро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Британияи Кабир ирсол намояд.
Дар навбати худ, 69 нафар шаҳрвандон бехабар аз қасди ҷиноятии Одилов Қ.М. ба гуфтаҳои охирон боварӣ ҳосил намуда, ба номбурда дар умум ҷамъ маблағи 1 939 180 сомониро доданд, ки дар натиҷа Одилов Қ.М. баъди гирифтани маблағҳои зикршуда ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи зикршударо ба манфиати шахсиаш хароҷот карда, тасаруф намуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Одилов Қ.М. бо аломатҳои моддаи 247 қисми 4 банди «б» ва 262 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail
24 январи 2025 .
24 январи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, баъдан директори Агентӣ – Султонзода Сулаймон Саид вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва давлат равона гардида, саршор аз таклиф ва ғояҳои оқилонаву созанда мебошад.
Фарқияти асосии Паёми имсола аз паёмҳои 10 ё 15 соли охир дар он аст, ки акнун дар меҳвари ин Паёми Президенти кишвар масъалаҳои навтарини замони муосир, амсоли рушди босуръати иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, барномаҳои иноватсионӣ, гузаштан ба иқтисоди рақамӣ, муҳимтар гаштани омили инсонӣ ва ғайра қарор доранд, ки ҳар яки онҳо навиде аз ояндаи дурахшон доранд ва маҳз аз ҳамин хотир мову Шумо ба ин Паём бояд ҳамчун «Паёми марҳилаи рушди кишвар» назар андозем.
Ҳамоиши мазкур бо якчанд иқтибосҳо аз суханони Пешвои миллат хотима бахшида шуд, ки бояд сармашқи фаъолият ва зиндагии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад:
- «Иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад.
Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дўст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
18 январи 2025 .
Санаи 17 январи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилотии «Мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А.П.Чехов»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни байналмилалии иҷтимоии зиддикоррупсионӣ «Якҷоя зидди коррупсия» баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки озмун аз тарафи Прокуратураи генералии Федератсияи Россия давоми соли 2024 гузаронида шуда, дар рафти он зиёда аз 41000 мавод аз 11 давлати дунё барои иштирок дар озмун пешниҳод гардидааст ва аз тарафи аъзоёни ҳакамони байналмилалӣ беҳтарин маводҳо аз рӯи се номинатсия интихоб шудаанд.
Боиси сарфарозист, ки хонандагони Муассисаи таҳсилоти «Мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А.П.Чехов»-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни мазкур ширкат варзида, видеороликҳои иҷтимоии зиддикоррупсионии худро пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа хонандагони синфи 5-уми Муассиса дар номинатсияи «Видеоролики беҳтарин» ҷои дуюм ва синфи 9-ум дар ҳамин номинатсия ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар ин ҷода, аз тарафи масъулини мақомот дар шароити тантанавӣ ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, ба омӯзгорону роҳбаладон ва хонандагони Муассисаи таълимии номбурда миннатдории самимӣ баён гардида, аз хонандагон таклиф ба амал оварда шуд, ки минбаъд низ саҳми худро дар муқовимат ба коррупсия дареғ надошта, бо роҳи иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани обруву нуфузи Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
16 январи 2025 .
Санаи 16 январи соли 2025 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии «Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия» сурат гирифт.
Чорабинӣ дар Қасри миллат дар шароити тантанавӣ баргузор гардида, санади ҳамкорӣ аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Аббос Аракчи ба имзо расонида шуд.
Баимзорасонии Ёддошти мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар, иқдоми саривақтӣ ва мақсаднок ба ҳисоб рафта, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва тақвият бахшидани фаъолият миёни мақомоти марбута дар самти муқовимат ба коррупсия дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва паст кардани шиддати ин зуҳурот шароити мусоидат фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
07 январи 2025 .
6 январи соли 2025 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи кории байниидоравӣ роҷеъ ба баргузории тадқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт.
Чорабинӣ аз тарафи муовини якуми директори Агентӣ - Расулӣ Барот ҳусни оғоз бахшида шуда, таъкид гардид, ки яке аз роҳҳои асосии баҳодиҳии сатҳи коррупсия дар соҳаҳои муайян, ин баргузор намудани тадқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ арзёбӣ мегардад. Зеро муайян намудани ҳолати воқеии мавҷудияти коррупсия дар ин ва ё он соҳа имконият медиҳад, ки роҳҳои нав ва самарабахши муқовимат ба коррупсия коркард ва роҳандозӣ карда шаванд.
Бо ин мақсад, лоиҳаи Методика ва саволномаи тадқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия ба муҳокимаи Гурӯҳи кории мазкур манзур карда шуда, коршиносон фикру андешаҳои худро роҷеъ ба он пешниҳод намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail
28 декабри 2024 .
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии мақомот тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» сурат гирифт.
Боиси қайд аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.
Бинобар ин, ҳар як фарди бо нангу номуси ватанро зарур аст, ки бо такя ба ҳисси миллӣ дастуру ҳидоятҳои сарвари мамлакатро, ки дар аснои ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳар як соҳа гузоштаанд, чун дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии худ қарор дода, ҷиҳати босифат ва дар сатҳи олӣ таъмин намудани онҳо тамоми чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд.
Кормандони Агентӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат тамоми кушишу ғайрати хешро равона намуда, зери сиёсати оқилонаи ин абармарди таърихӣ барои ояндаи дурахшони ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
06 декабри 2024 .
6 декабри соли 2024 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тољикистон дар ҳошияи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҳуқуқи инсон» бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ, масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналимилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар мизи мудаввар доир гардид.
Нахуст муовини якуми директори Агентӣ - Расулӣ Барот ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба мақомот хайрамақдам гуфта, вобаста ба дастовардҳои кишвар дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон суханронӣ намуданд.
Сипас иштирокчиён дар мавзӯҳои «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон», «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ», «Ташаббусҳои муваффақ дар самти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» ва «Кафолат ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯза баромад намуда, вобаста ба паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқи инсон музокира доир карданд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои илмиву мубоҳисавӣ сурат гирифта, ҳозирин аз он донишу таҷрибаи муфид ба даст оварданд, ки оянда онҳоро дар фаъолияти хизматии худ истифода хоҳанд намуд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail