Баргузории ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 январи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, баъдан директори Агентӣ – Султонзода Сулаймон Саид вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

 

Қайд карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва давлат равона гардида, саршор аз таклиф ва ғояҳои оқилонаву созанда мебошад.

 

Фарқияти асосии Паёми имсола аз паёмҳои 10 ё 15 соли охир дар он аст, ки акнун дар меҳвари ин Паёми Президенти кишвар масъалаҳои навтарини замони муосир, амсоли рушди босуръати иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, барномаҳои иноватсионӣ, гузаштан ба иқтисоди рақамӣ, муҳимтар гаштани омили инсонӣ ва ғайра қарор доранд, ки ҳар яки онҳо навиде аз ояндаи дурахшон доранд ва маҳз аз ҳамин хотир мову Шумо ба ин Паём бояд ҳамчун «Паёми марҳилаи рушди кишвар» назар андозем.

 

Ҳамоиши мазкур бо якчанд иқтибосҳо аз суханони Пешвои миллат хотима бахшида шуд, ки бояд сармашқи фаъолият ва зиндагии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад:

 

- «Иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад.

 

Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дўст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer