.
Моҳи апрели соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар филиали №42 Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар минтақаи Бохтар ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» вобаста ба шарҳи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар масъалаҳои мухталифи самти муқовимат ба коррупсия мизҳои муддавар баргузор гардиданд.
Чорабиниҳо бо ҷалби доираи васеи кормандони соҳаҳо баргузор шуда, дар рафти он иштирокчиён атрофи масоили муқовимати дастаҷамъона зидди падидаи манфури коррупсия ва роҳҳои пешгирии ин зуҳурот суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Чоп намудан
E-mail
.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Каримова Н.Р. нишон дод, ки номбурда дар вазифаи директори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор кор карда, ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоб рафта, зимни фаъолияти кориаш маблағҳои обунаро барои рӯзномаву маҷаллаҳо барои солҳои 2024-2025 аз муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор тариқи нақдӣ ба миқдори 365178,17 сомонӣ ҷамъоварӣ намуд.
Зимнан, Каримова Н.Р. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағи дар ихтиёраш қарор дошта, аз маблағи 365178,17 сомонии тариқи нақдӣ ҷамъоварӣ намудааш 261771,43 сомониро ба суратҳисоби Марказ ворид намуда, боқимонда маблағи 103406,74 сомонии дар ихтиёраш қарордоштаро бо роҳи азонихдкунӣ тасарруф кард.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Каримова Н.Р. бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Моҳи январи соли 2025 шаҳрванд Д.М. ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки нисбати директори Корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар шаҳри Ваҳдат Мутавалиев М.Д. чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда барои муайян намудани қитъаи замин ва омода кардани шаҳодатномаи бақайдгирии замин аз ӯ маблағи 29 000 сомонӣ гирифта, айни замон боз оварда додани 21 000 сомонии иловагиро талаб намуда истодааст.
Зимнан, худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои дахлдор Мутавалиев М.Д. баъди аз шаҳрванд Д.М. дар утоқи кории худ, воқеъ бинои КФВД «Лоиҳакаш» дар шаҳри Ваҳдат гирифтани маблағи 21 000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи болозикр аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Мутавалиев М.Д. бо моддаи 247 қисми 3 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Моҳи марти соли 2025 кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар иртибот ба сиёсати ободкоронаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон маъракаи ниҳолшинонӣ гузарониданд.
Чорабинӣ барои беҳтарсозии муҳити зист, рушди устувори экосистмаҳо ва ободии табиати нодири Тоҷикистон равона гардида, дар назар аст, ки дар майдони умумии 6 га. замин зиёда аз 7000 ниҳоли сояафкану ороишӣ, аз ҷумлаи айлон, арча, шулаш ва бодоми талхак, шинонида шавад.
Бо мақсади нашъунамои дуруст ҳамаи ниҳолҳо тибқи қоидаҳои агротехника ба системаи обёрии қатрагӣ пайваст гардида, дар ин ҷода дастгоҳҳои зарурӣ насб карда шуданд. Ғайр аз ин, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани ниҳолҳо аз поймолшавии чорво ҳудуди қитъаи замин пурра симтурбандӣ гаштанд.

Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail
.
Гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян намуд, ки Назаров Ф.З. дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро ба миқдори махсусан калон содир намуд.
Чунончи, Назаров Ф.З. давоми фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматии худ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Х.М. даромада, аз номбурда бо баҳонаи қатъ кардан ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш М.К., ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар истеҳсолоти кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт, маблағи умумии 20 000 доллари ИМА-ро талаб карда гирифта, баъди гирифтани маблағ ба манфиаташ ягон амали муайянро иҷро накарда, онро ба тасарруфи худ ворид кард.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Назаров Ф.З. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Саидов А.Ҷ. аз соли 2005 инҷониб дар вазифаи табиби бемориҳои чашми дармонгоҳи маслиҳатдиҳии Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ зад.
Чунончӣ, Саидов А.Ҷ. қасди ба даст овардани фоидаи муфтро назди худ пеша намуда, давоми моҳҳои август ва сентябри соли 2024 бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба боварии якчанд сокинони ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд даромада, аз онҳо бо баҳонаи омода кардани 5 адад билети ҳарбии носолим ба хизмати ҳарбӣ барои хешовандонашон дар умум маблағи 97000 сомониро талаб карда, зимнан дар якчанд ҳолат аз онҳо маблағи 47000 сомониашро қисм ба қисм гирифтааст.
Саидов А.Ҷ. кирдори ҷиноятии худро идома дода, дидаву дониста аз он ки ваколати омода карда додани билети ҳарбии носолим ба хизмати ҳарбиро надорад, моҳи ноябри соли 2024 аз шаҳрвандон дастрас намудани боқимонда 50000 сомониро талаб намуд, ки дар натиҷа зимни гирифтани ин миқдор маблағ аз ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир гардида, далели шайъӣ - маблағи 50000 сомонӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Саидов А.Ҷ. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санаи 14 марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» дар мавзӯи «Сабаб ва шароитҳои зуҳурёбии коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабиниро роҳбарияти Муассиса оғоз намуда, доир ба сабаб ва шароитҳои зуҳурёбии коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карданд. Зимнан, иштирокчиёни дигар низ дар мавзӯҳои «Танзими ҳуқуқии муносибатҳои зиддикорруписонӣ», «Омилҳои зуҳурёбии коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ» ва «Мубориза бо коррупсия омили пешрафту суботи ҷомеа» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва таъмини иҷрои қонуну барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ гашта, дар назар аст, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа натиҷаи мусбат мегузорад.

Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Холов А.Қ. дар вазифаи мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ёвон кору фаъолият карда, зимни фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр давоми моҳи апрели соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Н.М.А даромада, аз номбурда бо баҳонаи ба номи хешовандонаш ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани 0,15 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон маблағи 166 000 сомониро талаб намуд.
Дар навбати худ, шаҳрванд Н.М.А бехабар аз қасди ҷиноятии Холов А.Қ. ба гуфтаҳои охирон боварӣ ҳосил намуда, давоми солҳои 2023-2024 дар якчанд маврид ба номбурда дар маҷмӯъ маблағи 166 000 сомониро дастрас намуд, ки дар натиҷа Холов А.Қ. баъди гирифтани маблағи зикршуда ба манфиати шаҳрванд Н.М.А. ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи бо роҳи фиреб гирифтаашро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, тасарруф кард.
Оиди ин ҳолат нисбати Холов А.Қ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз гузаронида тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail