Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии мақомот тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» сурат гирифт.

 

Боиси қайд аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.

 

Бинобар ин, ҳар як фарди бо нангу номуси ватанро зарур аст, ки бо такя ба ҳисси миллӣ дастуру ҳидоятҳои сарвари мамлакатро, ки дар аснои ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳар як соҳа гузоштаанд, чун дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии худ қарор дода, ҷиҳати босифат ва дар сатҳи олӣ таъмин намудани онҳо тамоми чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд.

Кормандони Агентӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат тамоми кушишу ғайрати хешро равона намуда, зери сиёсати оқилонаи ин абармарди таърихӣ барои ояндаи дурахшони ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer