Баимзорасонии санади ҳамкорӣ бо Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти муқовимат ба коррупсия
Санаи 16 январи соли 2025 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии «Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия» сурат гирифт.
Чорабинӣ дар Қасри миллат дар шароити тантанавӣ баргузор гардида, санади ҳамкорӣ аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Аббос Аракчи ба имзо расонида шуд.
Баимзорасонии Ёддошти мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар, иқдоми саривақтӣ ва мақсаднок ба ҳисоб рафта, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва тақвият бахшидани фаъолият миёни мақомоти марбута дар самти муқовимат ба коррупсия дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва паст кардани шиддати ин зуҳурот шароити мусоидат фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ



