.
Дар ҳошияи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам тақвият додани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, санаи 04 октябри соли 2024 вохӯрии навбатии намояндагони Агентӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» ташкил ва баргузор карда шуд.
Чорабинии доиргардида бо иштироки ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони масъули воҳидҳои зерсохтории мақомот доир гардида, дар он қонунгузории кишвар ва барномаҳои давлатии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Маҳз иродаи оштинопазири Ҳукумати кишвар имкон овардааст, ки баҳри мубориза бо падидаҳои номатлуб чун коррупсия дар қаламрави мамлакат тамоми заминаҳои моддиву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шаванд.
Дар ин замина, омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳар як хизматчии давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон фароҳам меорад, ки дар рӯҳияи риояи қонунҳо амал намуда, аз содир намудани ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ худдорӣ намоянд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Чоп намудан
E-mail
.
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Абдухолиқзода А.А. аз 7 ноябри соли 2017 то майи соли 2024 дар вазифаи мутахассис - мушовири Суди вилояти Суғд кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин ба ҷинояти қаллобӣ даст зад.
Чунончӣ, моҳи апрели соли 2024 Абдухолиқзода А.А. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Б.А.Қ. даромада, дидаву дониста аз он, ки ваколати бекор кардани қарорҳои раиси шаҳри Истаравшан ва ба ҳолати аввала бар гардонидани қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии шаҳрванд Б.А.Қ.-ро надорад, аз номбурда худи ҳамон вақт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифт.
Абдухолиқзода А.А. баъди гирифтани маблағи 20000 сомонӣ ба манфиати шаҳрванд Б.А.Қ. ягон амалро иҷро накарда, маблағи зикршударо тасарруф намуд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд Б.А.Қ. зарари ҷиддии моддӣ расонид.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдухолиқзода А.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Бо мақсади дар сатҳи муносиб таҷлил намудани «Рӯзи байналмилалии мубориза бар коррупсия» 2 октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия - кори дастаҷамъист» доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳибкорон, раисони кумитаҳои маҳалл, имомхатибони масҷидҳо, роҳбар ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандогони Ватан», волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, фаъолон, гирандагони стипендияи Президентӣ ширкат варзида, оид ба масъалаҳои мухталиф маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки имрӯз аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя ба волоияти қонун намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар мадди аввал гузошта, нагузорем, ки амалҳои номатлуб аз ҷумла коррупсия, ба кишвари азизамон таъсири манфии худро расонад.
Дар доираи чорабинии баргузоргардида, иштирокчиён атрофи масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, вобаста ба он ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
Чоп намудан
E-mail
.
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Носиров Ф.С. вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд буда, аз 20 июли августи соли 2022 то 01 июли соли 2024 дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истиқлол кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш новобаста аз он, ки қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз ин ҳолат ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар ҳолатҳои зерин ҷинояти қаллобиро такроран содир намуд.
Чунончи, Носиров Ф.С. дар давоми соли 2023 аз мақсади шаҳрванд Ю. М. Р. ҷиҳати харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ хабардор шуда, ба охирин пешниҳод кард, ки бар ивази маблағи 20000 сомонӣ метавонад аз маҳаллаи 1-ум ва бар ивази маблағи 25000 сомонӣ аз маҳаллаи 2-юми шаҳри Истиқлол манзилҳои истиқоматии давлатиро ба ному насабаш хусусӣ гардонида диҳад.
Ҳамин тариқ, Носиров Ф.С. бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш дар ду ҳолат аз шаҳрванд У.А.Г. тавассути ҳамсараш Ю.М.Р. маблағи 45000 сомониро гирифта, онро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф карда ба фоидаи онҳо ягон амалро иҷро накард.
Оиди ҳолатҳои мазкур дар асоси маводҳои ҷамъовардашуда нисбати Носиров Ф.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Чоп намудан
E-mail
.
Моҳи сентябри соли 2024 дар толори машваратии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф - омили муҳими муқовимат ба коррупсия” дар доираи тадбирҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода, сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, инчунин доираи васеи омӯзгорон ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф, пешгирӣ аз содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмини талаботи амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардида, дар рафти он ба иштирокчиён мазмуну муҳтавои қонунгузории самти муқовимат ба коррупсия ба иштирокчиён расонида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои озод ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, дар назар аст, ки натиҷаи он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф ва илми шаҳри Турсунзода ва муборизаи беамон бо падидаи номатлуби коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Чоп намудан
E-mail
.
Ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои аз 24 то 27 сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсияи муборизабаранда (GlobE Network), ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор гашт, иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар кори ҷаласа намояндагон ва шахсони воломақоми мақомоти зиддикоррупсионӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатии аъзои Шабака зиёда аз 80 давлат ширкат варзида, вобаста ба паҳлуҳои мухталифи муқовимати байналмилалӣ ба зуҳуроти коррупсия маърӯза ва музокира анҷом доданд.
Ҷаласа дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, дар назар аст, ки аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шавад ва онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи ҳамкориҳо байни мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои ҷаҳон муосидат намоянд.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дустӣ, музокиравӣ ва эҳтироми якдигари сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он барои боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва ба роҳ мондани робита бо ниҳодҳои зиддикоррупсионии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоидро фароҳам оварад.

Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail
.
26 сентябри соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 23-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори мақомот - Султонзода Сулаймон Саид иштирок намуданд.
Инчунин, дар ҷаласа намояндагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзида, фаъолияти Шўрои мазкурро дар самти таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти Шӯро мунтазам рушд намуда, он имкон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои иқтисодии трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шуда, нисбат ба онҳо чораҳои зарурии саривақтӣ андешида шавад.

Илова ба ин, иштирокчиён дар ҷаласа масъалаҳои мубрами мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ҷиноятҳои бо истифода аз дороиҳои рақамӣ содиршаванда, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ки бо истифода аз интернет ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ намуда, вобаста ба тарзу усулҳои ошкори ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.
Дар охир, вобаста рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ ҳамкориҳо дар доираи Шӯро тақвият дода шаванд.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail
.
19 сентябри соли 2024 дар доираи ҷаласаи 9-уми Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ва Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторовия «Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар самти муқовимат ба коррупсия» ба имзо расонида шуд.
Чорабинӣ дар шароити тантанавӣ сурат гирифта, дар рафти он роҳбарони ду ҷониб муҳимияти ҳамкории мутақобилан судмандро дар самти муқовимат ба коррупсия бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.
Баимзорасонии Созишномаи мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар ба мақсад мувофиқ шуморида шуда, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни мақомотҳои марбута дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат шароити мусоидат фароҳам оварда, барои тақвият бахшидани неруҳои муборизабарандаи зидди коррупсия таъсири мусбӣ мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail