Баргузории мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи ҳуқуқи инсон» дар Агентӣ

6 декабри соли 2024 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тољикистон дар ҳошияи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҳуқуқи инсон» бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ, масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналимилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар мизи мудаввар доир гардид.

 

Нахуст муовини якуми директори Агентӣ - Расулӣ Барот ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба мақомот хайрамақдам гуфта, вобаста ба дастовардҳои кишвар дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон суханронӣ намуданд.

 

Сипас иштирокчиён дар мавзӯҳои «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон», «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ», «Ташаббусҳои муваффақ дар самти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» ва «Кафолат ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯза баромад намуда, вобаста ба паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқи инсон музокира доир карданд.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои илмиву мубоҳисавӣ сурат гирифта, ҳозирин аз он донишу таҷрибаи муфид ба даст оварданд, ки оянда онҳоро дар фаъолияти хизматии худ истифода хоҳанд намуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer